IQNA

10:43 - August 19, 2026
рақами хабар: 4971

Оғози маъракаи расонаии милоди Паёмбар(с) дар Миср

Маъракаи расонаии «Вулида-л-ҳудо: Ҳидоят таваллуд шуд» ба муносибати милоди Паёмбари Акрам(с) тавассути платформаи «Азҳар Подкаст» дар Миср роҳандозӣ мешавад.

Ба гузориши икно, ба нақл аз «Сади ал-Балад», ин маърака муҳтавоеро дар бар мегирад, ки афзоиши дониш ва маърифатро бо изҳори муҳаббату эҳтиром ба Паёмбар(с) омезиш медиҳад. Дар он паҳлуҳои гуногуни зиндагиномаи Расули Худо(с), сифатҳои олии ахлоқии он ҳазрат ва талошҳои ҳидоятгаронаи эшон шарҳ дода мешаванд.

Ин маърака бо пардохтан ба фазилатҳои Паёмбар(с), ки аз ҷониби саҳоба ҳифз ва ривоят шудаанд, чеҳраи дурахшони он ҳазратро дар зеҳн, қалб ва таърихи уммати исломӣ барҷаста месозад.

Маъракаи «Вулида-л-ҳудо» ҳамчунин бо ишора ба мадҳу ситоиши Паёмбар(с) ва ҷойгоҳи он дар изҳори муҳаббати уммат ба Расули Худо(с) ва суннати набавӣ, ба нақши мадеҳасароӣ дар интиқоли ҳидоятҳо ва таълимоти Паёмбар(с) аз як насл ба насли дигар мепардозад.

Як гурӯҳ аз уламо ва чеҳраҳои адабии донишгоҳи Ал-Азҳар, аз ҷумла Ҳасан Шофеӣ, Сайид Билот, Муҳаммад Ҷундӣ, Ҳасан Қасбӣ, марҳум Маҳмуд Тавфиқ Саъд, Фатҳӣ Ҳиҷозӣ ва шоир Ало Ҷониб, дар бахшҳои гуногуни ин маърака ширкат мекунанд.

«Вулида-л-ҳудо» бо ҳадафи пешниҳоди муҳтавои илмӣ ва маънавӣ ва бозгӯ кардани зебоиҳои фазилатҳои Паёмбар(с), барои амиқтар намудани муҳаббат ба Расули Худо(с) ва шарҳи сира ва суннати набавӣ, инчунин таъсири тамаддунии он ҳазрат дар тӯли асрҳо талош хоҳад кард.

Қарор аст муҳтавои ин маърака дар платформаҳои расмии «Азҳар Подкаст» нашр шавад.

Гуфтанист, ки Маркази расонаии Ал-Азҳар платформаи «Азҳар Подкаст»-ро дар чандин платформаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Apple Podcasts, Spotify, Deezer ва Anghami, инчунин YouTube ва Facebook, роҳандозӣ кардааст.

4370258

captcha