IQNA

11:01 - August 19, 2026
рақами хабар: 4974

Изҳори ҳамбастагии ситораи футболи Фаронса бо Ғазза

«Пол Погба», ситораи футболи Фаронса, бо нашри акси як кӯдаки фаластинӣ дар миёни харобаҳо ва вайрониҳои Ғазза дар саҳифаи расмии худ дар Instagram, ҳамбастагии худро бо мардуми ин минтақа изҳор кард.

Ба гузориши икно, ба нақл аз Маркази иттилоърасонии Фаластин, Погба дар канори ин акс навишт: «Вақте инро мебинам, чӣ гуна метавонам ғамгин бошам?» Ин паём ба ночиз будани мушкилоти варзишии худи ӯ дар муқобили ранҷу мусибатҳои бар асари идомаи куштори густурда дар Навори Ғазза ишора дорад.

Ин мавзеъгирии Погба дар ҳоле сурат гирифтааст, ки худи ӯ низ бо номуайяниҳо дар бораи ояндаи варзишии худ рӯбарӯ аст. Пас аз осеби дубора ва коҳиши ҳузури ӯ дар мусобиқаҳо, роҳбарияти бошгоҳи «Монако»-и Фаронса музокиротро барои қатъи созишномаи қарордоди ӯ бо ризоияти ду тараф оғоз кардааст.

4370358

captcha