IQNA

10:44 - January 29, 2024
рақами хабар: 1009

ОморИ шаҳидони Ғазза ба 26 ҳазору 422 нафар афзоиш ёфт

ИКНА - Дар пайи ҳамалоти Исроил ба Ғазза ва шаҳодати 165 нафари дигар шумори шаҳидон ба 26 ҳазору 422 нафар расид.

ОморИ шаҳидони Ғазза ба 26 ҳазору 422 нафар афзоиш ёфт

Вазорати тандурустии Фаластин дар Навори Ғазза бо интишори баёнияе эълом кард, ки дар пайи ҳамалоти Исроил ба ин минтақа тайи 24 соати гузашта 165 фаластинӣ шаҳид шуда ва 290 тани дигар низ захмӣ шудаанд.

Шумори шаҳидон дар пайи ҳамалоти Исроил ба Навори Ғазза аз 7 октябр то кунун , ба 26 ҳазору 422 нафар ва шумори маҷрӯҳон низ ба 65 ҳазору 87 нафар афзоиш ёфтааст.

Дар ин баёния омадааст, ки ҳануз теъдоди зиёде аз мардум ба далели вайрониҳои ношӣ аз ин ҳамалот зери харобаҳо буда ва тимҳои дифои маданӣ ва пизишкӣ барои расидан ба онҳо бо мушкил рӯбарӯ ҳастанд.

https://tajikpress.com/2024/01/29/

captcha