IQNA

Эҳдои Қуръон дар вокуниш ба исломҳаросӣ дар Нидерланд 

19:30 - February 12, 2024
рақами хабар: 1074
ИКНА - Мудирони як Созмони исломӣ дар шаҳри Арнеми Нидерланд дар посух ба беҳурматии Қуръон дар ин кишвар, нусхаҳое аз Қуръони Каримро байни мардум тавзеъ карданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, мудирони як мавқуфаи исломие, ки шомили шаш масҷид дар шаҳри Арнеми Нидерланд аст, рӯз гузашта, 22 баҳман дар посух ба иқдомоти исломҳаросонаи гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳатки ҳурмати Қуръон, теъдоде аз нусхаҳои Қуръони Каримро ба забони нидерландӣ тавзеъ карданд.

Баргузоркунандагони ин маросим, нусхаҳои тарҷума шудаи Қуръони Карим ба забони нидерландӣ ва китобчаи ҳовии омӯзаҳои дини Исломро дар маросиме бо унвони «Қуръонро насузонед, балки онро бихонед», тавзеъ карданд.

Галип Айдмир, раиси Созмони баргузоркунандаи ин рӯйдод дар баёнияе гуфт: онҳо мехоҳанд дар муқобила бо қуръонсӯзи паёмеро дар мавриди аҳамияти Ислом ва Қуръони Карим барои мусулмонон ба ҷавонон ироа кунанд.

Вай идома дод: мо китобчаҳое дорем, ки маорифи Исломро ба забони нидерландӣ тавзеҳ медиҳад ва нусхаҳое аз Қуръони Каримро, ки ба забони нидерландӣ тарҷума шудааст ба мардум медиҳем. Инҷо ҳастем то ба касоне, ки дар бораи Ислом савол доранд, посух диҳем ва ҳамаро ба масоҷиди худ даъват мекунем; Мехоҳем аз ин тариқ бо мардум дар иртибот бошем. 

Муҷрии ин рӯйдод бо ишора ба инки хостори иттиҳод ва ҳамбстагӣ мардуми Арнема ҳастем, афзуд: Қуръон ё ҳар китоби осмонӣ набояд сӯзонда шавад, балки бояд хонда шавад.

Гуфтнӣ аст, Эдвин Вагенсфелд, раҳбари ҷунбиши нажодпарасти ифротӣ «алайҳи исломисозии Ғарб», моҳи гузашта талош кард як нусха аз Қуръони Каримро бисӯзоанад, ки бо эътирози мусулмонон муваффақ ба ин кор нашуд.

Моҳи гузашта низ ду Созмон исломии Daliel ва Waaromislam, як кампайни эҳдоӣ Қуръонро дар Нидерланд роҳандозӣ карданд. Онҳо ҳадафи худро ташвеқ ба тақвияти ҳамзистии ҳамоҳанг дар зиндагии рӯзмра хонданд ва бар аҳамияти хондани китоб ба ҷои сӯзондан таъкид карданд.

Ин Созмонҳо изҳор карданд: иқдомоти Вагенсфелд, ки натанҳо озодии баёнро маҳдуд мекунад балки фаолона ба думболи тавҳин ва осебрасондан ба мусулмонон нидерландӣ буда, боиси талоши ҷама барои тарвиҷи тафоҳум ва ваҳдат шудааст.

Ин ду Созмон иқдомотеро барои барпоӣ ғурфаҳое ба манзури гуфтугӯ бо мардум дар бораи Ислом анҷом доданд, ки ин иқдом мунҷар ба гароиши ҳаддӣ ақал 10 нафар ба Ислом шудааст.

Илова бар афзоиши алоқа ба Ислом ва вокуниш муштарак ба иқдомоти мамлув аз нафрат PEGIDA, як тағйири асосӣ дар муҳити сиёсӣ дар Нидерланд рух дода ва ҳизби ростгарои PVV ба раҳбарии Гирт Вилдерс, сиёсатмадори машҳури исломситези ин кишвар, ки ахиран дар интихоботи парлумон ба пирӯзӣ расида эълом карда, ки бархе аз сиёсатҳои худ зидди мусулмононро канор гузоштааст.

https://iqna.ir/fa/news/4199363

captcha