IQNA

Чаҳор наҳри биҳиштӣ дар Қуръони Карим

19:03 - February 14, 2024
рақами хабар: 1083
ИКНА - Қуръони Карим дар сураи муборакаи Муҳаммад (с) ба чаҳор наҳри биҳиштӣ аз оби соф, шири дигаргун наёфта, шароби таҳур ва асали мусаффо ишора мекунад.

Дар Қуръони Карим дар сураҳои мухталифе монанди сураи Инсон, сураи Ар-Раҳмон, сураи Духон ва сураи Муҳаммад (с) ишора ба анвои мухталифе аз ин чашмаҳо шудааст. Таъбири биҳишт ба боғҳо «جَنَّاتِ» ба боғҳои мутааддид ва таъбир ба «أَنْهَارٌ» ишора ба наҳрҳои мухталифе дорад.

Аммо Қуръони Карим ба шакли якҷо дар сураи Муҳаммад (с) ба чаҳор наҳри биҳиштӣ ва вижагиҳои он ишора мефармояд: مَثَلُ الْجَنَّةِ الَّتِي وُعِدَ الْمُتَّقُونَ فِيهَا أَنْهَارٌ مِنْ مَاءٍ غَيْرِ آسِنٍ وَأَنْهَارٌ مِنْ لَبَنٍ لَمْ يَتَغَيَّرْ طَعْمُهُ وَأَنْهَارٌ مِنْ خَمْرٍ لَذَّةٍ لِلشَّارِبِينَ وَأَنْهَارٌ مِنْ عَسَلٍ مُصَفًّى; “Тавсифи биҳиште, ки ба парҳезгорон ваъда дода шуда, чунин аст: дар он наҳрҳое аз оби соф ва холис, ки бадбу нашуда ва наҳрҳое аз шир, ки таъми он дигаргун нагашта ва наҳрҳое аз шароби (таҳур), ки мояи лаззати нӯшандагон аст ва наҳрҳое аз асали мусаффо аст.” (Сураи Муҳаммад, ояти 15).

Қуръони Карим барои зудудани тасаввуроти дунёӣ дар бораи об ва шир ду вижагӣ барои он баён мекунад: مِنْ مَاءٍ غَيْرِ آسِنٍ яъне ин оби биҳиштӣ ба ҷиҳати вижагиҳои биҳишт аз ҳар гуна авомили тааффун ва тағйир дар таъм ва ранг ба дӯр аст. لَبَنٍ لَمْ يَتَغَيَّرْ طَعْمُهُ яъне ҳам худаш хушмазза аст ва ҳам аворизе чун туруш шудан ва бадранг гаштан ва дигар офат‏ҳо ба он наме‏расад. وَأَنْهَارٌ مِنْ عَسَلٍ مُصَفًّى асали соф яъне (бидуни мум), ки асали холис ва ноб аст, ишора дорад.

Аммо дар бораи хамр дар оёти дигар тавзеҳоте додааст. Дар сураи Софот мефармояд: لَا فِيهَا غَوْلٌ وَلَا هُمْ عَنْهَا يُنْزَفُونَ; “Шаробе, ки на дар он мояи табоҳии ақл аст ва на аз он маст мешаванд”. (Сураи Софот, ояти 47); Яъне дар ин хамр, бехирадӣ ва осори равонии фасод ва сардард ва ҳеҷ дарди саре нест. Дар сураи Воқеа низ мефармояд: لَا يُصَدَّعُونَ عَنْهَا وَلَا يُنْزِفُونَ, ки аз нӯшиданаш на сардард гиранд, ва на маст ва бехирад шаванд. (Воқеа, ояти 19).

Биҳиштиён ин шаробро бо сақояти Худованд менӯшанд ва ба василаи он қалбашон аз ғайри Худо пок мешавад: وَسَقَاهُمْ رَبُّهُمْ شَرَابًا طَهُورًا; “Парвардигорашон бодаи таҳур ба онон менӯшонад.” (Сураи Инсон, ояти 21). Бинобар ин ин шароб натанҳо худаш тоҳир аст, балки поккунанда низ ҳаст.

captcha