Ба гузориши хабарнигори ИКНА, дуввумин рӯз аз чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Эрон бархилофи рӯзи аввали ин мусобиқот, ки аз навбати баъд аз зуҳр шурӯъ шуда буд, дар рӯзи дуввум ва бо таваҷҷуҳ ба шурӯъи мусобиқот дар бахши бонувон аз навбати субҳ шурӯъ шуд ва то соати 21 идома дошт.
Дар ин рӯз дар навбати субҳ 11 ширкаткунанда дар бахши бонувон шомили чаҳор ширкаткунанда дар бахши донишомӯзӣ ва ҳафт ширкаткунанда дар бахши бузургсолон буд. Дар ин навбат агарчи ширкаткунандгоне аз кишварҳои Эрон, Ироқ, Тайланд, Туркия, Сурия, Бангладеш, Мавритания ва Олмон буданд, аммо рақобат байни ширкаткунандагони эронӣ ва ироқӣ дар бахши донишомӯзӣ бисёр ба ҳам наздик буд.
Дар навбати баъд аз зуҳр низ 14 ширкаткунанда шомили чаҳор ширкаткунанда дар бахши донишомӯзӣ ва 10 ширкаткунанда дар бахши бузургсолон рақобати худро баргузор карданд. Дар байни иҷрои мусобиқот дар бахши оқоён ду қории кишвари Эрон яъне Маҳдии Акбаризаррин ва Ҳодии Асифдонӣ оёте аз каломуллоҳи маҷидро тиловат карданд.
Дар байни ширкаткунандагони риштаи қироати таҳқиқ илова бар Ҳодии Асифдонӣ, намояндаи кишвари Афғонистон низ тиловати хубе дошт. Ҳамчунин намояндаи кишвари Кумур тиловати фаротар аз ҳадди интизороте, ки аз сатҳи тиловати ин кишвар меравад анҷом дод.
Дар риштаи ҳифзи кулли Қуръони Карим низ намояндаи кишвари Бангладеш дар бахши донишомӯзӣ ва намояндагони Фаластин ва Арабистон дар бахши бузургсолон ҳам ҳусни ҳифзи қавӣ аз худ ба намоиш гузоштанд ва агар номи онҳо дар байни баргузидагон дида шавад, набояд тааҷҷуб кард. Албатта ҳанӯз ниме аз мутасобиқон иҷрои худ дар ин марҳаларо анҷом надодаанд ва барои наздиктар шудан ба фазои гумоназаниҳо бояд чашм ба рӯзҳои оянда дӯхт.
Дар дувумин рӯз аз баргузории мусобиқот ҳамчунон дарсади қобили қабуле аз ҳозирон дар салони мусобиқоти донишомӯзон буданд, донишомӯзоне, ки алоқа ба Қуръони Карим дар нигоҳи онҳо мавҷ мезад, ин донишомӯзон аз мадориси мухталифи сатҳи шаҳри Теҳрон ва шаҳрҳои атроф ҳамроҳ бо мураббиёни худ ба боздид аз ин рӯйдоди байналмилалӣ омада буданд ва ҳаяҷони хоссе ба фазои иҷлоси Сарони кишварҳои исломӣ дода буданд.
Дар ин давра аз мусобиқот ҳар рӯз ба 25 нафар аз ҳозирон дар Салони мусобиқот ба қайди қуръа кумак ҳазинаи сафар ба Атаботи Олиёт эҳдо мешавад.