IQNA

Қонуни нави Шветсия дар мухолифат бо ҳиҷоб ва пӯшиши мазҳабӣ

6:55 - February 22, 2024
рақами хабар: 1120
ИКНА - Давлати Шветсия қонуни ҷадиде вазъ кардааст, ки бар асоси он иҷбори духтарон ба пӯшидани ҳиҷоб ва либоси мазҳабб ҷурм шинохта шудааст.

 

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз SCI, давлати Шветсия қонуни ҷадидеро эълом кардааст, ки бар асоси он ҳар касе, ки зан, духтар ё кӯдакеро маҷбӯр ба доштани ҳиҷоб мекунад, муҷрим мешиносад.

Қонуни нав пешниҳодӣ будааст, ки аз тариқи Полина Бренберри (Paulina Brandbury), вазири баробарии давлат ин кишвар матраҳ шуда, ки эълом кард таҳқиқоти ҷадид барои вазъи қонуни ҷадид оғоз шудааст, ки бар асоси он алайҳи хонаводаҳои касоне, ки фарзандони хурдсоли худро ба пӯшидани либосҳои мазҳабӣ ба вижа ҳиҷоб ташвиқ мекунанд, ҷурм ингорӣ мешавад.

Вазири баробарии Шветсия дар мавриди ин қонун ва инки чӣ касонеро ба таври куллӣ ҳадаф қарор медиҳад, таъкид кард, ки ин қонуни намодҳои мазҳабӣ монанди кулоҳ сар ва бурқаъро ҳадаф қарор медиҳад, аммо таъкид кард, ки тамаркузи аслӣ бар ҳиҷоби исломӣ хоҳад буд.

Қонуни нав тавассути ҳизби демократи Сафариё ва аҳзоби узви давлати Шветсия мавриди арзёбӣ қарор гирифт ва аз ҳимояти аксарият дар парлумони Шветсия бархурдор аст.

Кишвари Шветсия тайи як соли ахир шоҳиди ҳатки ҳурмати мукаррар ба муқаддасоти исломӣ ва дар раъси он Қуръони Карим тавассути аносири ифротӣ будааст ва ҳимояти неруҳои полиси ин кишвар аз чунин иттифоқоте хашми ҷаҳониёнро нисбат ба давлат ва мақомоти ин кишвар барангехтааст. Уламои ҷаҳони Ислом ҳам борҳо хостори таҳрими ин кишвар ба далели иҷоза додан ба ҳатток алайҳи Ислом ва мусулмонон шуданд.

https://iqna.ir/fa/news/4201024

captcha