Ба гузориши ИКНА, маросими ихтитомияи ҳаҷдаҳумин давраи мусобиқоти байналмилалии ҳифз ва қироати бонувон дар Урдун панҷшанбе, 3 исфанд бо ҳузури вазири Авқоф ва умури исломии ин кишвар дар салони куфронсҳои маркази фарҳанги исломии вобаста ба масҷиди Малик Абдуллоҳ дар Уммон, пойтахти Урдун баргузор шуд.
Муҳаммад Ал-Хулайла вазири Авқоф ва умури исломии Урдун тайи суханоне бо тамҷид аз эҳтимоми хонадони подшоҳӣ ба умури қуръонӣ ва такрим аз ҳофизони Қуръони зан ва мард тасреҳ кард: мусобиқоти байналмилалии ҳифз ва қироати Қуръон дар ростои барномаҳо ва фаъолиятҳои фарҳангии кишвар ва дар хидмат ба китоби Худо ва аҳоли Қуръон баргузор мешавад.
Вай афзуд: тамоми хоҳарони ширкаткунанда дар ин давраи мусобиқот дар густараи илмомӯзӣ дар роҳи китоби Худо, рутбадор ва баранда ҳастанд ва дар ин масир савоби бузург ва азимеро аз Худованди Мутаол дарёфт мекунанд чунончи аҳамият ба касби омӯзаҳои Қуръони Карим, мабони ахлоқӣ ва фазоили ин китоби муқаддас худ бузургтарин раҳовард барои фаолони қуръонӣ аст.
Дар идома аз баргузидагони ҳозир дар ҳаҷдаҳумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони бонувон дар Урдун тайи маросиме таҷлил ба амал омад, ки дар зайл асомии онҳо меояд:
Ҳоҷар Иброҳим аз Нигерия, нафари аввал; Оиша Усмон аз Чод, рутбаи дувум; Нидо Абдулбосит аз Либия рутбаи севум; Нурулҳудо Абдурраҳмон аз Лубнон рутбаи чаҳорум ва Аҳуд бинт Хамис аз Уммон рутбаи панҷуми ин рақобатҳоро аз он худ карданд.
Ҳамчунин дар ин маросим аз шайха Улё бинт Саид Оли Мактум, духтари ҳокими Дубай ба унвони ширкаткунандаи вижа ва Ҳиҷр Робит, аз Марокаш ба унвони камсинтарин ширкаткунанда дар ин давраи рақобатҳо ба таври вижа тақдир ба амал омад.
Заҳро Аббосӣ, ҳофизи кулли Қуръон ва донишҷӯи риштаи забон ва адабиёти Араби донишгоҳи Теҳрон ба унвони намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин рақобатҳо ҳузур пайдо кард, ки мутаассифона аз касби рутба бозмонд.