Ба гузориши "ИКНА" ба нақл аз "ТРТ", масҷиди Ваникой, ки ба унвони марвориди Босфор низ шинохта мешавад, дар авохири қарни ҳабдаҳум, сохта шудааст. Ин масҷид дирӯз ҷумъа, пас аз 2,5 сол кори мариммат дар маросиме бо ҳузури Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия бозгушоӣ шуд.
Ин масҷиди таърихӣ, ки мушриф ба яке аз савоҳили Туркияи Босфор аст тавассути Ванӣ Меҳмет Афендӣ дар соли 1670 дар замони султон Муҳаммади чаҳоруми усмонӣ сохта шуд.
Эрдуғон дар маросими бозгушоӣ ин масҷид, ки дар оташсӯзии ду сол қабл вайрон шуд, аз ин масҷид ба унвони яке аз намодҳои минтақаи таърихии Оскодар ёд кард ва ёдовар шуд, ки ин масҷид дар тӯли таърих мутаҳаммили осебҳои шадиде шудааст.
Эрдуғон ҳамчунин бо ишора ба инки сақфи чӯбии масҷид ва ҳамчунин қисмати дохилӣ аз ҷумла муҳавватаи намозхона дар ҷараёни оташсӯзӣ тахриб шудааст, хотирнишон кард: агарчи бархе маҳофили хоссе аз ин ҳодисаи ногувор баҳрабардории сиёсӣ карданд, аммо масъулон ба ин суханон гӯш надоданд ва раванди бозсозиро оғоз карданд.
Вай гуфт: мо ба суръат барои эҳёи ин асари нодир, ки мероси ниёгон аст иқдом кардем. Масҷиди Ваникой, яке аз биноҳои намодини меъморӣ натанҳо дар Оскодар, балки дар кулли Истамбул аст. Ин масҷид барои се қарну ним қалби ин минтақа буд то инки дар оташсӯзӣ вайрон шуд. Ман орзӯ мекунам, ки бозгушоӣ масҷид барои намозгузорон ба нафъи минтақаи мо ва Истамбул бошад.