Салмон (Абуториқ) Ас-Саудӣ, раиси анҷумани мубаллиғони фаластинӣ, дар паёми видеоие, ки барои ИКНА фиристод, изҳор кард: дар остонаи моҳи мубораки рамазон аз Худованди бузург мехоҳем гуруснагон дар Навори Ғаззаро, ки беш аз 5 моҳ аст рӯза доранд, сер гардонад ва побараҳнагонро ёрӣ кунад ва ба онон, ки бимнок ҳастанд, амният бахшад ва ба масоиби онон поён диҳад.
Машрӯҳи суханони раиси анҷумани Мубаллиғони фаластинӣ аз ин қарор аст:
Бо вуҷуди умқи ҷароҳат, хунрезӣ ва тадовуми фоҷиаи куштори мардуми мо дар Ғазза, бо вуҷуди ҷиноёте, ки бар сари уммати исломӣ омадааст яъне фоҷиаи наслкушӣ дар Ғазза, бояд хушҳолии худро аз фарорасидани моҳи мубораки Рамазон эълом кунем, зеро ҳар навъ шодие, ки аз дил бармеояд ва анҷоми он воҷиб аст, бояд онро нишон диҳем.
Бисёре аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ ба изни Худованд, моҳи мубораки Рамазонро оғоз кардаанд. Мо аз Худованди бузург, соҳиби арш мехоҳем, ки ин моҳро моҳи амн ва амон, оромиш ва пирӯзӣ ва хайр ва баракат барои мардуми Фаластин ба вижа барои аҳоли Ғазза ва кулли уммати арабӣ ва исломӣ қарор диҳад.
Бале! барои ҳамаи уммати арабӣ ва исломӣ. Бо вуҷуди ончи дар Ғазза мегузарад мо ба ҳама табрик мегӯем. Аз Худо мехоҳем, ки қалбҳоро ба ҳам наздик кунад ва ихтилофотро аз байн бибарад ва ҳамаро муттаҳид гардонад. Аз Худованди Субҳон, ки ин моҳро барои мо оварда мехоҳем, ки моро ба пирӯзии ошкор ба зудии зуд, мужда ва бо оғози ин моҳи азиз моро ба шикасти душманонамон бишорат диҳад.
Аз Худованди бузург мехоҳем гуруснагон дар Навори Ғаззаро сер гардонд; Ва побараҳнагонро ёрӣ кунад ва ба онон, ки бимнок ҳастанд амният бахшад ва ба масоиби онон поён диҳад ва кори онҳоро осон гардонад ва ба қалбҳои онон оромиш ато кунад ва онҳоро мавриди афв ва раҳмати хеш қарор диҳад; Ҳамон касоне, ки аз панҷ моҳи қабл рӯзадор ҳастанд ва ҷаҳон ба онҳо таваҷҷуҳе надорад. Аз Худованди бузург мехоҳем, ки раҳмати хешро бар онҳо нозил гардонад. Худовандо онҳоро аз ҳар сӯи аз чап ва рост ва боло ва поин ҳифз кун; Худовандо ба азаматат паноҳ мебарем.
Дар поён бар Муҳаммад(с) ва хонадони покаш салом ва дуруд мефиристем. Моҳи Рамазон бар мардуми Фаластин ва Ғазза ва уммати озодаи арабӣ ва исломӣ муборак бошад ва Худованд душманони Фаластин ва касоне, ки бо дасти ёрӣ ба онҳо дода ва онҳоро пуштибонӣ мекунанд ба сазои аъмоли хеш бирасонад, зеро хиёнати онҳо ошкор шуда ва онон бахшида намешванд магар инки ба даргоҳи Худованд тавба кунанд.
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ