Ба гузориш ИКНА, дар дувумин шаб аз барномаи телевизионии Маҳфил фасли дувум, ки асри чаҳоршанбе, аз шабакаи севуми симои Ҷумҳурии Исломии Эрон пахш шуд, шайх Абдуррашид, қории мумтози покистонӣ ба тиловати оёти 28 ва 29 сураи муборакаи Фатҳ пардохт ва Ҳомиди Шокирнажод, мизбони барнома ӯро дар ин иҷрои диднӣ ҳамроҳӣ кард.
Роғиб дар «Муфрадот» менависад: «Мунофиса» ба маънои талоши инсон аст барои шабоҳат ба афроди барҷаста, ва мулҳақ шудан ба онҳо, беонки зараре ба дигарӣ ворид шавад. Ин ду қории Қуръон дар як ҳамхонӣ ва мунофса оёте аз сураи Фатҳро қироат карданд.
Ояти 28 ва 29 сураи муборакаи Фатҳ ҳамроҳ бо тарҷума
هُوَ الَّذِي أَرْسَلَ رَسُولَهُ بِالْهُدَى وَدِينِ الْحَقِّ لِيُظْهِرَهُ عَلَى الدِّينِ كُلِّهِ وَكَفَى بِاللَّهِ شَهِيدًا
Ӯст касе, ки Паёмбари худро ба [қасди] ҳидоят бо оини дуруст равона сохт то онро бар тамоми адён пирӯз гардонд ва гувоҳубудани Худо кифоят мекунад. (28)
سِيمَاهُمْ فِي وُجُوهِهِمْ مِنْ أَثَرِ السُّجُودِ ذَلِكَ مَثَلُهُمْ فِي التَّوْرَاةِ وَمَثَلُهُمْ فِي الْإِنْجِيلِ كَزَرْعٍ أَخْرَجَ شَطْأَهُ فَآزَرَهُ فَاسْتَغْلَظَ فَاسْتَوَى عَلَى سُوقِهِ يُعْجِبُ الزُّرَّاعَ لِيَغِيظَ بِهِمُ الْكُفَّارَ وَعَدَ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ مِنْهُمْ مَغْفِرَةً وَأَجْرًا عَظِيمًا
Муҳаммад [с] Паёмбари Худост ва касоне, ки бо ӯянд бар кофирон сахтгир [ва] бо ҳамдигар меҳрубонанд ононро дар рукӯъ ва суҷуд мебинӣ фазл ва хушнудии Худоро хосторанд, аломати [мушаххасаи] онон бар асари суҷуд дар чеҳраҳояшон аст ин сифати ишон аст дар Таврот ва мисли онҳо дар Инҷил чун куштаҳое аст, ки ҷавонаи худ баровард ва онро моя диҳад то ситабр шавад ва бар соқаҳои худ биистад ва деҳқононро ба шигифт оварад то аз [анбӯҳи] онон [Худо] кофиронро ба хашм дарандозад Худо ба касоне аз онон, ки имон оварда ва корҳои шоиста кардаанд омурзиш ва подоши бузурге ваъда додааст. (29)
Дар видеои зер бахше аз ин мунофисаи зеборо мушоҳида мекунед: