Ба гузориши пойгоҳи тахассусии ҷомеа ва фарҳанги милал, ба лиҳози таърихӣ, ҷашнҳои наврӯзӣ дар Қазоқистон байни 8 ило 9 рӯз ба тӯл меонҷомад ва ба Наврӯзнома (Nauryznama) маъруф аст, ҳамонгуна, ки тавассути нависандагон ва файласуфони машҳуре аз ҷумла Маҳмуд Ал-Қашғарӣ, Мушкур Ҷозеф Копиоли, Абай Конанбоев ва Мухтор Узов баён шудааст.
Ба гуфтаи Себит Барлейбоев, муовини кумитаи фарҳангии вазорати фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон, ин ҷашн дар 14 март бо таътилоти Амол (кӯрису дар забони қаззоқӣ ва ба маънои дидани якдигар) ё рӯзи салом, ки як суннати мавриди эҳтиром дар манотиқи ғарбӣ аст вале акнун дар саросари кишвар шоҳиди он хоҳем буд, оғоз мешавад.
15 март бо унвони Kaiyrymdylyk kuni ба некӯкорӣ, шафақат ва меҳрубонӣ ихтисос дорад.
16 март, рӯзи фарҳанг ва суннатҳои миллӣ, тавсеаи фарҳанг, ҳунар ва арзишҳои миллии қаззоқӣ аст.
17 март рӯзи Шанирок Shanyrak kuni (намоди як хонаи суннатии қаззоқӣ) ҷашн гирифта мешавад ва мураввиҷи арзишҳои хонаводагӣ аст.
18 март ба либоси миллӣ, бо тамаркуз бар тарвиҷи либоси суннатӣ дар саросари кишвар ихтисос дода шудааст.
19 март, Ҷаноро Дей Zhanaru kuni (Рӯзи навсозӣ) аст, ки мушаввиқи идомаи суннати дарахткорӣ дар баҳор аст.
20 март рӯзи миллии варзиш аст ва мушаххасан он иҷрои мусобиқоти варзишҳои суннатии қаззоқӣ дар сартосари кишвар аст.
21 март рӯзи ҳамбстагӣ, тарвиҷи сулҳ ва ваҳдат дар миёни мардум аст.
22 март оғози ҷашнҳои соли нав ҳамроҳ бо баргузории рӯйдодҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, рустоҳои қавмӣ ва намоишгоҳҳо дар саросари кишвар аст.
Рӯзи охир яъне 23 март, намоди поксозӣ аст ва мардум дар сартосари кишвар бо аҳдоф ва умед таҷдид шуда, ба истиқболи соли ҷадид мераванд. Кампайнҳои зисти муҳитӣ низ ба унвони бахше аз ин ҷашн дар саросари кишвар баргузор мешавад.
Вазоратхонаи фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон як барномаи ҷомеъ барои ҷашнҳои Наврӯз аз ҷумлаи тавсеаи беш аз 10,000 рӯйдод дар саросари Қазоқистон тартиб додааст. Ҷашнҳои аслие, ки шомили рӯйдодҳои фарҳангӣ ва варзишӣ аст, дар 21 март дар маркази намоишгоҳи EXPO дар Остона баргузор хоҳад шуд.
Дастгоҳҳои иҷроии маҳаллӣ, мизбони рӯйдодҳои ҷашн дар тамоми манотиқи пойтахт хоҳанд буд. Бахши такмилии ин ҷашнҳо, ҷашнвораи тамаддунии кӯчаке дар хиёбони Экспо аст, ки санъатгарони дохилӣ ва хориҷиро ба намоиш мегузорад.
Ин ҷашн ҳамчунин шомили кансертҳо, иҷрои театр, маросими арӯсӣ ва маросими эътои ҷоиза барои тарвиҷ ва ҳифзи арзишҳо ва суннатҳои миллӣ хоҳад буд.
Ҷашнҳои Наврӯз бо намоишҳои арӯсакӣ, насби Юрт ва бозиҳои варзишии суннатӣ ба авҷи худ мерасад.