Ба гузориши "ИКНА" ба нақл аз Алманотиқ, масъулони Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ, эълом кард: тарҳи тавзеъи ҳадяҳо миёни ҳоҷиёни Байтуллоҳилҳаромро оғоз кардааст.
Дар ин тарҳ, ки аз сӯи идораи умури Қуръон ва китоби тавлияти кулли Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ иҷро мешавад, бастаҳое шомили як нусха аз Қуръони Карим, як саҷҷода ва шуморе аз китобҳои дин ба ҳоҷиёнии Байтуллоҳилҳаром эҳдо мешавад.
Ба гуфтаи Шайх Набил ибни Абда Шарифӣ, мудири идораи Қуръон ва китоби тавлияти кулли Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ ин иқдом дар ростои такрим ва гиромидошти ҳоҷиёнии Байтуллоҳилҳаром ба иҷро даромадааст.
Вай дар идома ин иқдомотро бахше аз барномаи Арабистони Саудӣ дар чорчуби чашмандози 2030 ин кишвар ва ҳамчунин фароҳам кардани беҳтарин имконот барои ҳуҷҷоҷ бо ҳадафи ғанӣ сохтани таҷрибаи динӣ ва фарҳангии онҳо тавсиф кард.
Ба гуфтаи Шарифӣ ҳуҷҷоҷ низ аз ин тарҳ истиқбол ва ҳамчунин аз имконоти фароҳам омада ба манзури тасҳил дар иҷрои маносики худ ташаккур ва қадрдонӣ карданд.