
“Хабари бузург”-е, ки дар роҳ аст
Инсонҳо дар мавриди ояндаашон бисёр кунҷков ҳастанд; Чӣ ояндаое, ки дар рӯзҳо ва солҳои баъд барояшон иттифоқ хоҳад афтод ва чӣ ояндае, ки пас аз зиндагӣ интизори онҳоро мекашад. ояндаое, ки мубҳам аст, аммо ҳарчи, ки ҳаст, хабари муҳим ва бузург дар пеш рӯи инсонҳост.
Ҳафтоду ҳаштумин сураи Қуръони Карим “Набаъ” ном дорад. Ин сура бо 40 оят аввалин сура аз охирин ҷузъ, яъне ҷузъи сиюми Қуръони Карим аст. Набаъ, ки сураи макӣ аст, дар тартиби нузул, ҳаштодумин сурааст, ки бар Паёмбар(с) нозил шудааст.
Ин сураро ба ин муносибат Набаъ меноманд, ки ояти дувуми он аз Набаъи азим” (хабари бузург) сухан мегӯяд.
Мавзӯъи асосии ин сура зарурат ва ҳатмӣ будани рӯзи қиёмат ва далел овардан бар вуҷуди он ва баёни вижагиҳои он рӯз аст. Ибтидо аз низоми пойдор ва устуворе, ки бар ин ҷаҳон вуҷуд дорад, хабар медиҳад; Ба таври мисол, бархе аз низомҳои табиат дар бораи ҳаракати замин, масъалаи завҷияят, курраҳои осмонӣ, пайдоиши шаб ва рӯз, нузули борон, зиндашудани замин ва қавонини ҳоким бар онро баён мекунад, ва пас аз он таъкид мекунад, ки рӯзи қиёмат воқеъ хоҳад шуд ва ваъдагоҳи инсонҳост.
Сураи Набаъ, дар бораи як хабар ва ҳодисаи бузург яъне фарорсидани рӯзи қиёмат сухан мегӯяд ва бар дурустӣ ва қатъӣ будани он таъкид мекунад ва далоили маҳкаме барои он овардааст. Оғози сура чунин аст, ки мардум аз якдигар дар бораи хабари қиёмат мепурсанд. Сипас Худованд бо лаҳни таҳдидомез мефармояд ба зудӣ аз он агоҳ мешаванд.
Сураи Набаъ, дар бораи рӯзи қиёмат ва ҳаводиси он сухан мегӯяд ва ҷойгоҳ ва ҳолоти гунаҳкорон ва некӯкоронро дар он рӯз тавсиф мекунад.
Дар идомаи сура, барои исботи вуҷуди рӯзи қиёмат, ингуна омадааст, ки дунёи моддӣ беҳтарин ва равшантарин далел аст бар инки баъд аз ин дунёи фанопазир, дунёи собит ва боқӣ хоҳад буд ва он рӯз, рӯзи расидагӣ ба аъмоли инсонҳост. Сипас ҳаводиси ин рӯз тавсиф шудааст, ки мардум ҳамагӣ дар он хонда мешаванд ва афроде, ки дар баробари Худованд саркашӣ ва муқовимат карданд ба сӯи азоби дарднок мераванд ва дар муқобил, инсонҳои пок ва парҳезкор ба сӯи неъмати мондагор мунтақил мешаванд.
Калидвожа: сураҳои Қуръон, 114, сураи Набаъ, Қуръони Карим, зиндагӣ пас аз марг, сарнавишти инсонҳо.