Рӯзадорӣ амале аст, ки аз қарнҳо пеш дар миёни бисёре аз оинҳо ва фарҳангҳо вуҷуд дошта ва ба унвони як ибодат, як амали оинӣ ё ҳатто як равиши дармонӣ, мавриди истифода будааст. Дар тибби қадим, табибони бузурге чун Буқрот, Фисоғурис ва Ибни Сино, бархе бемориҳоро бо рӯза дармон мекардаанд.
Дар даҳаҳои ахир таҳқиқоти илмии мутааддиде бар рӯи таъсироти рӯза бар рӯи бадани инсон сурат гирифтааст. Пойгоҳи иттилооти саломати «Healthline» Амрико ба гузидаҳое аз фавоиди рӯза ишора карда, ки дар таҳқиқоти илмӣ собит шудааст.
Бар асоси таҳқиқоти мунташир шуда, рӯзадорӣ аз сафедадам то ғуруби офтоб ба муддати сирӯз, бо коҳиши муқовимат ба ансулин, контроли қанди хунро тақвият мекунад. Дар воқеъ рӯзадорӣ бо коҳиши муқовимат ба ансулин метавонад ҳассосияти бадани шумо ба ансулинро афзоиш диҳад ва ба шумо ин имконро медиҳад, ки гулӯкозро аз ҷараёни хун ба силлулҳои шумо мунтақил кунад. Ин амр дар коҳиши сатҳи қанди хун ва ҷилавгирӣ аз ибтило ба диёбет бисёр муассир аст.
Рӯзадорӣ ҳамчунин илтиҳоботи мавҷуд дар баданро коҳиш медиҳад ва аз ин тариқ, ба иртиқои саломат кумак мекунад.
Дар мутолиаи дигар бар рӯи 110 бузургсоли фарбеҳ нишон дод, рӯзадорӣ ба муддати чаҳор ҳафта таҳти назорати пизишк, фишори хун ва ҳамчунин сатҳи триглисериди хун ва холестирини бад (LDL)-ро коҳиш медиҳад. Ҳамчунин рӯзадорӣ бо коҳиши масрафи калория ва афзоиши метаболизм ба коҳиши вазн кумак мекунад. Усулан тамоми режимҳои ғизоӣ бо контроли калорияи дарёфтӣ, талош мекунанд вазни шуморо коҳиш диҳанд. Дарҳоле, ки ин амр бо рӯза гирифтан ба осонӣ дар дастрас хоҳад буд.
Маҷмӯае аз таҳқиқот бар рӯи афроди рӯзадор нишон дода рӯзадорӣ метавонад тарашшӯҳи гормони рушди (LDL)-ро афзоиш диҳад. Ин гормон дар сӯхту сози бадан ва афзоиши азула нақши аслиро дорад. Ҳамчунин теъдоде аз таҳқиқот бар рӯи ҳайвоноти озмоишгоҳӣ нишон дода рӯзадорӣ метавонад пириро ба таъхир бияндозад ва тӯли умрро афзоиш диҳад. Мушҳое, ки дар барномаи рӯза қарор гирифтаанд, умри тӯлонитаре нисбат ба мушҳои оддӣ доштаанд. Ҳамчунин рӯзадорӣ мумкин аст дар пешгирӣ аз саратон кумак карда ва асари химия дармониро афзоиш диҳад.
Рӯзадорӣ илова бар осори ҷисмӣ, осори равонии фаровоне дорад, ки аз он ҷумла, кумак ба контроли стрес ва тақвияти тобоварӣ дар баробари шароити танишзо дар зиндагӣ аст.