IQNA

Баргузории маросими рӯзи Қудс дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон + акс

11:25 - April 07, 2024
рақами хабар: 1328
ИКНА - Шаҳрҳои мухталиф дар саросари ҷаҳон шоҳиди баргзроии роҳпаймоиҳое дар ҳимоят аз мардуми Фаластин ва маҳкумияти ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ буд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, шаҳрҳои мухталиф дар саросари ҷаҳон аз ҷумла Индонезия шоҳиди баргузории роҳпаймоиҳое дар ҳимоят аз мардуми Фаластин ва маҳкумияти ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ буд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, ба муносибати рӯзи ҷаҳонии Қудс, роҳпаймоии густурдае дар Малайзия баргузор шуд ва ширкаткунандагон дар ин роҳпаймоӣ бо мардум ва ормони Фаластин эъломи ҳамбстагӣ карданд.

Ҳузури мардуми Кашмири Покистон дар роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудс

Ҳазорон нафар аз мардуми минтақаи Кашмири Покистон ҳамзамон бо рӯзи ҷаҳонии Қудс дар ҳимоят аз Масҷидулақсо ва мардуми Ғазза роҳпаймоӣ карданд.

Роҳпаймоии рӯзи Қудс дар урдугоҳи Ярмуки Сурия

Роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудс дар урдугоҳи Ярмуки Сурия бо ҳузури мардум ва бо шиори «Тӯфонул-Аҳрор» баргузор шуд.

Баргузории роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Танзания

Ҳамзамон бо фарорсидани охирини ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ва рӯзи ҷаҳонии Қудс; Ҷамъи зиёде аз мусулмонони Танзания дар «Дорулислом» пойтахти ин кишвар ҳамзамон бо дигар манотиқи ҷаҳон тазоҳуроти бошукӯҳе баргузор карданд.

код

Тазоҳуроти пуршӯри мардуми Урдун дар рӯзи ҷаҳонии Қудс

Мардуми Урдун имрӯз ҷумъа дар рӯзи ҷаҳонии Қудс бо баргузории тазоҳуроте дар Аммон пойтахти ин кишвар ва бо сар додани шиорҳое дар ҳимоят аз муқовимати Фаластин, бо мардуми Ғазза эъломи ҳамбстагӣ карданд.

Баргузории рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Баҳрайн

Роҳпаймоии бошукӯҳи рӯзи ҷаҳонии Қудс дар минтақаи «Элдраз»-и Баҳрайн баъд аз иқомаи намози ҷумъа баргузор шуд.

Роҳпаймоии мардуми Малайзия, Индонезия, Нигерия ва Бангладеш дар ҳимоят аз Фаластин 
 мардуми шаҳри Бандунги Индонезия, мардум дар ҳимоят аз Фаластин таҷаммӯъ карданд. 

Шабака қатрии Ал-Арабӣ ҳам дар гузориши ихтисосӣ, аз роҳпаймоии мардуми Малайзия дар Куала-Лумпур дар ҳимоят аз мардуми Фаластин ва Ғазза хабар дод.

Мардуми Нигерия дар аёлти Бовчӣ дар рӯз ҷаҳонии Қудс ва барои ҳимоят аз Фаластин ба хиёбонҳо омаданд.

Маросими рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Бангладеш ҳам баргузор шуд ва мардум дар таҷаммӯи дар ҳимоят аз Фаластин ширкат карданд.

https://iqna.ir/fa/news/4208831

captcha