IQNA

Тасмими Чичен барои бозсозии масҷиди "Донетск"

19:24 - April 13, 2024
рақами хабар: 1352
ИКНА - Раиси идораи маънавии мусулмонони ҷумҳурии халқи Донетск гуфт: бунёди қаҳрамони Русия «Аҳмад Ҳоҷ Қодиров» дар Чичен танҳо масҷиди Донетскро бозсози хоҳад кард. 

 

 

Ба гузориши Русия Ал-Явм, Рашид Брагин дар гуфтугӯ бо хабаргузории Риа Новости гуфт: мо бо масъулони бунёди қаҳрамони Русияи «Аҳмад Ҳоҷ Қодиров» (падари Рамазон Қодиров), ки тавассути ҳамсараш, Имон Қодирова идора мешавад мулоқот ва қавли қотеонае барои бозсозии масҷиди Донетск дарёфт кардем. Ҳама чиз аз ҷумла нақша ва будҷа барои анҷоми ин праект омодааст.

Вай хотирнишон кард: замони оғоз ба кор, ба озодсозии арозии ҷумҳурии халқи Донетск тавассути неруҳои мусаллаҳи Русия ва таваққуфи бомбаборони неруҳои украинӣ бастагӣ дорад.

Рашид Брагин дар поён гуфт: мо омода ҳастем ва паймонкорони мо низ омода ҳастанд.

Ин масҷид дар минтақаи Куйбешевский дар Донетск қарор дорад, ки аз соли 2014 зери бомбаборони шадид қарор гирифта ва деворҳо ва панҷараҳои масҷид ва ҳамчунин муҳавватаи атрофи он ба далели бомбаборони неруҳои мусаллаҳи Украина осеби ҷиддӣ дидааст. Дар наздикии сохтумони масҷид, метавон бақоёи бомбаҳо, муҳиммоти кӯчак ва ҳатто бомбаҳои мунфаҷир нашуда дида мешавад. 

Пеш аз ин, идораи маънавии мусулмонони Русия эълом карда буд, ки бозсозии як масҷид дар Мариупол соли гузашта бо будҷаи бунёди Аҳмад Қодиров, қаҳрамони Русия ба поён расид.

https://iqna.ir/00HfDc

captcha