
Ду даста пурсиши ҷиддӣ дар мувоҷиҳа бо диндорӣ ва динварзӣ вуҷуд дорад, ки касоне мисли шаҳиди Мутаҳҳарӣ ба сурати ҷиддӣ ва амиқ ба он пардохтанд. Бахше аз онҳо пурсишҳои назарӣ буд, шубаҳот ва ишколоте, ки аз сӯи макотиби ғайри илоҳӣ ворид шуда буд ва мабонии илмӣ ва ақлонӣ барои он сохта буданд. Чӣ мактабҳои экзистенсиалистӣ ва гуманистӣ ва чӣ макотиби иҷтимоъгароӣ марксистӣ ва сотсиалистие, ки дар он замон бо ироаи баъзе аз мафоҳим ва бунёдҳои назарӣ, амалан диндорӣ ва макотиби илоҳиро ба чолиш мекашиданд. Марҳум шаҳид Мутаҳҳарӣ борҳо дар осор ва гуфторҳои худ ишора карда, ки асосан яке аз ангезаҳои аслии вуруди эшон ба саҳнаи донишҳои исломӣ, вуҷуди чунин шубаҳот ва саволоте дар байни насли ҷавон будааст.
Албатта ӯ дар оғоз, талаққӣ ва тасаввурашон ин будааст, ки мо метавонем бо истифода аз чорчубҳои назарӣ ва усул ва бунёдҳои фалсафии исломӣ ба ин пурсишҳо посухҳои дуруст бидиҳем. Ба унвони мисол дар муқаддимаи китоби “Адли илоҳӣ”, ӯ бо хӯшҳолии бисёр нишон медиҳад, ки метавонем бар асоси фалсафаи куҳани исломӣ ба ин саволот посух диҳем. Талоши ӯ дар китоби “Адли илоҳӣ” дар ин чорчуб маҳдуд монда ва ҳатто посухҳои мутакаллимони имомияро дар ин замина нодида мегиранд ё нокофӣ медонанд.
Мо дар осори шаҳид Мутаҳҳарӣ ба тадриҷ дар ҳавзаи назар бо навъе таваҷҷӯҳ ба абъоди мухталифи андешаи ақлонии Ислом мувоҷиҳем. Ӯ дар айни таваҷҷӯҳ ба ақлонияти фалсафӣ, ба ин нуқта мерасанд, ки бояд ба ин арса аз ақлоният нигоҳи густурдатаре доштабошем. Бинобар ин эшон гунаҳои дигари ақлоният, мисли ақлонияти каломӣ ва ҳатто навъи истифода аз дастовардҳои ақлонияти муосирро вориди чорчуб ва манзумаи фикрии худ мекунад.
Мӯътақидам шаҳид Мутаҳҳарӣ ба унвони як мутафаккири мусулмон бархоста аз суннат фалсафаи Исломии мо то ҳудуди бисёре тавонист посухҳоеро фароҳам кунад ва насли ҷадидро лоақал гурӯҳе аз насли ҷадиди андешаварзро аз макотиби рақиби ҷудо кунад ва тамоюлоти фикрӣ ва маънавии онҳоро ба самти Ислом ҳидоят кунад.
Шаҳид Мутаҳҳарӣ танҳо нест ва пеш аз ӯ аллома Таботабоӣ ва дигарон дар манзумаи фикрии эшон саҳми бисёре доштанд ва эшон талош кард чорчуби назарии тафаккури аллома Таботабоиро густурдатар ва амиқтар кунад.
Нуктаи муҳиммтар дар андешаи ақлонии шаҳид Мутаҳҳарӣ мувоҷиҳа бо пурсишҳои амалии дунёи муосир аст. Яке аз вежагиҳои дунёи муосир таваҷҷӯҳ ба арсаҳои корбурдӣ ва амалии ҳаёти инсон аст.
Дар ин замина шаҳид Мутаҳҳариро бояд ҷузъи насли пешгом ва навовар талаққӣ кард яъне шояд ҷузъи аввали шахсиятҳое, ки пурсишҳои амалиро ба расмият мешиносанд ва талош мекунад дар садади ҳалли он барояд.
* Гузидае аз гуфтугӯи “ИКНА” бо Муҳаммадтақии Субҳонӣ, раиси бунёди байналмилалии Имомат.
Калидвожа: шаҳид Мутаҳҳарӣ, мувоҷиҳаи мусулмонон бо дунёи муосир, масоили ҷаҳони Ислом.