IQNA

Сураҳои Қуръон / 17

Нишонаҳои 9 гонаи ҳазрати Мӯсо(а) дар сураи Исро

22:20 - June 21, 2023
рақами хабар: 143
Дар Қуръони Карим достони ҳазрати Мӯсо(а), вижагиҳо ва мӯъҷизоти эшон баён шуда, ки дар сураи Исро, 9 нишона ва мӯъҷизаи ин Паёмбари илоҳӣ баён шудааст.

Сураи Исро ё бани Исроил ҳабдаҳумин сура ва аз сураҳои макии Қуръон аст, ки бо 111 оят дар ҷузъи понздаҳуми Қуръон ҷой дорад. Ин сура панҷоҳумин сураест, ки бар Паёмбари Ислом(с) нозил шудааст.

Дар ин сура аз мавзӯъоти чун тавҳид, маод, нафйи ширк, меъроҷи Паёмбар, далоили нбувват, эъҷози Қуръон ва таъсири гуноҳ бар боварҳои инсон сухан ба миён омадааст.

Номгузории ин сура ба номи “Исро” ба сабаби нахустин ояти он аст, ки ба рухдоди ҳаракати шабонаи Паёмбар аз Масҷидулҳаром ба Масҷидулақсо ишора дорад. Дар бархе ривоёт низ “бани Исроил”-ро номи дигари сураи Исро унвон кардаанд, зеро дар оғоз ва поёни он ба достони бани Исроил ишора шудааст.

Дар оғози ин сура ба фасодангезии қавми бани Исроил ишора шудааст. Худованд ба онҳо ҳушдор дода, ки фасоди шумо дар замин чӣ уқубат ва музоҷоте ба ҳамроҳ хоҳад дошт. Ва дар поёни ин сура низ ба 9 нишона ва мӯъҷизаи ҳазрати Мӯсо(а) ва ҳамчунин гуфтугӯ бо Фиръавн, ғарқшудани фиръавниён ва сукунати бани Исроил дар Миср пардохтааст.

Тибқи оёти Қуръони Карим, барои ҳазрати Мӯсо 9 мӯъҷиза баён шуда, ки иборат аст аз: табдил шудани асо ба мори азим, дурахшидани дасти Мӯсо, тӯфонҳои кӯбанда, мусаллат шудани малахҳо бар заминҳои кишоварзӣ, Кумал (навъе офати гиёҳӣ), қурбоғаҳое, ки аз рӯди Нил бархостанд), хунин шудани рӯди Нил, хушксолӣ ва камбуди анвоъи меваҳо ва ғарқ шудан Фиръавн ва лашкараш дар Нил.

Тафсири Намуна баҳсҳои ақидтӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ сураи Исроро маҷмӯаи комиле медонад, ки барои иртиқоъ ва такомули башар дар заминаҳои мухталиф судманд аст.

Яке аз мабоҳиси фалсафӣ марбут ба рафтори инсонҳо низ дар ин сура мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта; Инки инсон ирода ва ихтиёр дорад, ки кори хуб ё бад анҷом диҳад; Дар ҳар сурат натиҷаи хубӣ ва бадиро хоҳад дид. Пас инсон дар интихоби масир дорои иродааст: إِنْ أَحْسَنْتُمْ أَحْسَنْتُمْ لِأَنْفُسِكُمْ وَإِنْ أَسَأْتُمْ فَلَهَا فَإِذَا جَاءَ وَعْدُ الْآخِرَةِ لِيَسُوءُوا وُجُوهَكُمْ وَلِيَدْخُلُوا الْمَسْجِدَ كَمَا دَخَلُوهُ أَوَّلَ مَرَّةٍ وَلِيُتَبِّرُوا مَا عَلَوْا تَتْبِيرًا “Агар некӣ кунед ба худ некӣ кардаед ва агар бадӣ кунед ба худ [бад намудаед] ва чун таҳдиди охиир фаро расад, [биёянд] то шуморо андӯҳгин кунанд ва дар маъбада [тон] чунонки бори аввал дохил шуданд [ба зӯр] дароянд ва бар ҳар чӣ даст‏ ёфтанд яксара [онро] нобуд кунанд”. (Исро / 7)

Аз дигар нукоте, ки дар ин сура мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта фалсафаи рӯз ва шаб, ҳаққшиносӣ дар бораи падар ва модар, бозхонии аъмоли инсонҳо дар қиёмат, кумак ба дигарон ва парҳез аз исроф, бухл, хӯрдани моли ятимон, камфурӯшӣ, такаббур ва хунрезӣ ва лиҷоҷат аст.

 Калидвожаҳо: Сураҳои Қуръон, 114, сура Исро, банӣ Исроил, ҳазрати Мӯсо, мӯъҷизоти ҳазрати Мӯсо.

captcha