Ба гузориши ТоҷикПресс, Байден дар изҳороте дар Кохи Сафед гуфт: Фазои донишгоҳ ё ҳатто Иёлоти Муттаҳида набояд маҳалле барои яҳудиситезӣ ё таҳдид ба хушунат алайҳи донишҷӯёни яҳудӣ бошад. Инҷо ҷои нафратпароканӣ ё хушунат нест.
Байден дар идома унвон кард, ки бо фиристодани горди миллӣ барои муқобила бо ин эътирозот мухолиф аст.
Раисҷумҳури Амрико ҳамчунин таъкид кард, ки ин эътирозот сабаби тағйири сиёсати онҳо дар Ховари Миёна нахоҳад шуд.
Беш аз 1700 муътаризи донишҷӯи ҳомии Фаластини тайи ду ҳафтаи гузашта дар донишгоҳҳои саросари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боздошт шудаанд.
Садҳо донишҷӯи Донишгоҳи Калифорния аз пароканда кардани гирдиҳамоии худ худдорӣ карданд ва ба гузориши рӯзномаи Ню-Йорк Таймс, муътаризони донишгоҳи Калифорния худро барои ҳаргуна рӯёрӯӣ бо даҳҳо афсари полиси мустақар ва чархболҳои дар ҳоли парвоз омода мекунанд.
https://tajikpress.com/2024/05/03/