IQNA

Назм дар оростагии зоҳирӣ

8:27 - May 12, 2024
рақами хабар: 1482
ИКНА - Дар Ислом ба вижа дар сираи Набавӣ (с) борҳо аз оростагӣ, зинат ва зебоӣ сухан ба миён омада ва ба вижа дар намоз ва масоҷид ба оростагӣ сифориш шудааст.

Яке аз маонии назм, оростагӣ аст. Аз нахустинтарин нишонаҳои инсонҳои мунзабит, арҷ ниҳодан ба оростагӣ ва риояти назм ва тартиб дар зоҳирашон аст. Аз Расули Худо (с) ривоят шудааст: «Худованди Мутаол зебост ва зебоиро дӯст дорад ва хуш дорад, ки осори неъматҳои худро дар бандааш бубинад».1 Дар ривояти дигаре фармуданд: «Худованди Мутаол аз шахси олуда ва бадбу нафрат дорад».2

Қуръони Карим низ дар ояти 32 сураи Аъроф ба фалсафа ва ҷавози зинатҳои илоҳӣ ишора мекунад: «قُلْ مَنْ حَرَّمَ زِينَةَ اللَّهِ الَّتِي أَخْرَجَ لِعِبَادِهِ وَالطَّيِّبَاتِ مِنَ الرِّزْقِ قُلْ هِيَ لِلَّذِينَ آمَنُوا فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا خَالِصَةً يَوْمَ الْقِيَامَةِ» (Аъроф: 32). Ин оят тасреҳ дорад, ки зинатҳо ва рӯзиҳои покиза дар зиндагии дунё барои муъминон аст. Албатта ғайри муъминон дар дунё бо онон дар баҳраварӣ шариканд, вале дар қиёмат фақат вижаи муъминон хоҳад буд.

Дар ояти қабл низ дастур дода буд, ки муъминон дар ҳар масҷиде, ороиш ва зинати модӣ ва маънавии худро мутаносиб бо он амал ва макон ҳамроҳ дошта бошанд: «يَا بَنِي آدَمَ خُذُوا زِينَتَكُمْ عِنْدَ كُلِّ مَسْجِدٍ» (Аъроф: 31). Тибқи ин оят, шоистааст мусулмонон дар ҳамаҷо, ба вижа дар намоз ва масоҷид, ки маҳалли иҷтимоъ ва рафтуомади афроди гуногун аст, бо зинат ва оростагӣ ворид шаванд, чаро ки дар намоз, дар пешгоҳи зеботарин вуҷуд (Худованд) қарор мегиранд.

Ҳамчунин оростагӣ дар масҷид, сабаби рағбати дигарон ва оромиш ва ҷаззобият дар масҷид мешавад. Албатта ин кор то ҳадде аст, ки боиси ҳасрати фуқаро ва осеб ба дигарон нашавад. Албатта мурод аз «зинат» метавонад ҳам зинатҳои ҷисмонӣ бошад, ки шомили пӯшидани либосҳои мураттаб ва тамиз ва шона задани мӯҳо ва ба кор бурдани атр ва зинат олоти ҳалол барои мард ва зан шавад ва ҳам шомили зинатҳои маънавӣ ҳамчун сифоти инсонӣ, маликоти ахлоқӣ ва покии ният ва ихлос бошад. 

1-«إنّ اللهَ تعالى جميلٌ يُحِبُّ الجَمالَ، و يُحِبُّ أنْ يَرى أثَرَ نِعمَتِهِ على عَبدِهِ، و يُبغِضُ البُؤْسَ و التَّباؤسَ» (كنز العمّال، ۱۷۱۶۶).
2-«ان الله تعالی یُبغِضُ الوَسِخَ و الشَعِثَ» (کنزالعمال، 17181).

captcha