IQNA

Қиссаи масҷиди "Харқаи Шариф" дар Истамбул + видео

21:05 - June 25, 2023
рақами хабар: 150
Масҷиди "Харқаи Шариф"-и Истамбул, ки як либоси мансуб ба Паёмбари Акрам(с) дар он нигаҳдорӣ мешавад, солона мизбони ҳазорон боздид кунндааст. Гуфта мешавад Паёмбар ин Харқаро ба "Увайси Қарнӣ", ки муваффақ ба дидори Паёмбари Акрам(с) нашуд, ҳадия дода буд.

Теҳрон (ИКНА), аз боризтарин вижагиҳои шаҳри Истамбул, ки таваҷҷӯҳи боздидкунндагонро ба худ ҷалб мекунад, масоҷиди давраи Усмонӣ бо саҳнаҳои бузург ва боғҳои сарсбзи васеъи атрофи он аст.

Дар ин миён масҷиди Харқаи Шариф нисбатани кӯчак ва аз назари масоҳат маҳдуд аст ва аз назари тарроҳӣ ҳам бо меъмории классики асри Усмонӣ фосила дорад. Ба назар мерасад меъмории ин масҷид бештар таҳти таъсири сабки меъмории аврупоӣ қарор гирифтааст. Ин амр ба эҳтимоли зиёд ба далели ин воқеият аст, ки ин масҷид дар замони Султон Абдулмаҷиди аввал ва ба дастури ӯ сохта шудааст ва ӯ ба далели таҳсил дар ғарб ва тааллуқи хотир ба кишварҳои аврупоӣ алоқаи зиёде ба мазоҳири ғарбӣ ва сабки зиндагии аврупоӣ дошт; Масҷиди Харқаи Шариф, ки дар қисмати аврупоӣ шаҳри Истамбул дар минтақаи маъруфи Фотеҳ, дар яке аз хиёбонҳои рӯбарӯи масҷиди Султон Муҳаммад Фотеҳ қарор дорад махсусан барои ҳифзи либоси мансуб ба Паёмбар(с) сохта шудааст. Ин либос, ки дар соли 1516 мелодӣ ба Истамбул овардашуд, муддати тӯлонӣ дар яке аз кохҳои императории Усмонӣ нигаҳдорӣ шуд ва аз он берун наомад.

Гуфта мешавад, ки ин Харқа ҳамон либосе аст, ки Расули Худо тавсия кард, ки онро ба пайравони Увайси Қарнӣ бидиҳанд, ки муваффақ ба мулоқоти Паёмбар нашуд.

Илова бар ин, масҷид бо гунбади бузурге, ки дар васати саҳни худ дорад ва ду минора дар ду тараф ва оёти фаровони Қуръон, ки ба хатти зебои арабӣ навишта шуда музайян шудааст. Ин масҷид нисбатан кӯчак аст ва аз ҳар тараф бо як девори кӯтоҳе иҳота шуда ва дар асли он мавриди истифодаи намозгузорон ва боздидкунндагон қарор мегирад.

Дар ин масҷид алова бар Харқаи Шариф, теъдоди осор ва лавозими дигари мансуб ба даврони Паёмбари Акрам(с) аз ҷумла чанд тори мӯе аз он ҳазрат ва як тикка порча аз пӯшиши даруни Каъба ва дигаре аз пӯшиши беруни он ва низ теъдоде абзор, ки барои шустан ва тамиз кардани Каъба аз дохил истифода мешуда ба намоиш гузоштаанд.

Ин масҷид дар моҳи мубораки Рамазон, дарҳои худро ба рӯи боздидкунндгоне, ки моил ба дидани Харқаи Шариф дар тӯли рӯз то азони мағриб ҳастанд боз мекунад.

Тахмин зада мешавад солона беш аз як миллион нафар аз саросари Туркия ва дигар кишварҳо, барои боздид ба ин масҷид меоянд.

Дар видёи зер истиқболи мардум аз боздиди ин либоси мансуб ба Паёмбари Акрам(с)-ро дар масҷиди Харқаи Шариф дар Истамбул мушоҳида мекунед:

код

 

https://iqna.ir/fa/news/4148329

captcha