Таҳаққуқи комили аҳдофи исломӣ, ҷуз бовҷуди як назми иҷтимоии фарогир, имконпазир нест; Чаро ки Ислом дини ҳамаҷонибанигар аст, ки тамоми ҷанбаҳои фардӣ ва иҷтимоии зиндагии инсонҳоро дарназар дорад ва тамоми умури онҳоро дар ростои тавҳид ва ибодати Худованд ҳидоят менамояд ва бо усул ва фурӯъаш тамоми шъуни ҳаёти башариро танзим мекунад. Аз онҷо, ки нигаришҳо ва суннатҳои мухталиф ба сомондеҳии чунин назме намерасад, Қуръони Карим мефармояд: «وَ اعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللَّهِ جَمِيعًا وَ لَا تَفَرَّقُوا» (Оли Имрон: 103).
Қуръони Карим дар ду ояти пештари (Оли Имрон: 101) тамассук ба Паёмбар (с) ва оёти илоҳиро тамассук ба Худованд ва зомини ҳидояти фард муаррифӣ кардааст. Дар сураи Нисоъ низ он қадр бар руҷуъ ва табаият аз Расули Акрам (с) дар тамоми умуроти ҷомеа таъкид дорад, ки таслим ва ризояти қалбӣ ба натиҷаи довариро шарти имон ҳақиқӣ баён мекунад: «فَلَا وَرَبِّكَ لَا يُؤْمِنُونَ حَتَّى يُحَكِّمُوكَ فِيمَا شَجَرَ بَيْنَهُمْ ثُمَّ لَا يَجِدُوا فِي أَنْفُسِهِمْ حَرَجًا مِمَّا قَضَيْتَ وَيُسَلِّمُوا تَسْلِيمًا» (Нисоъ: 65).
Аммо мисдоқи ҳабли Аллоҳ ва меҳвари интизоми ҷомеа баъд аз Паёмбар (с) чист? Агар Қуръон ва суннатро меҳвари рафъи ихтилоф бидонем, мушоҳида мекунем, ки дар тӯли таърихи Ислом амалан наҳлаҳо ва ҷараёнҳои мутааддиде шакл гирифтаанд ва ҳар кадом китоб ва суннатро бар маонии мухталиф ҳамл намудаанд. Аммо бо муроҷиа ба Қуръон бо мафҳуми валии амр мувоҷеҳ мешавем. Қуръони Карим ҳам дар мавориди ихтилоф ва низоъ (Нисоъ: 59) ва ҳам дар таҳлил ва фаҳми масоили печида аз мусулмонон хостааст то онон муроҷиа кунанд: «وَ لَوْ رَدُّوهُ إِلَى الرَّسُولِ وَ إِلَى أُولِي الْأَمْرِ مِنْهُمْ لَعَلِمَهُ الَّذِينَ يَسْتَنْبِطُونَهُ مِنْهُمْ» (Нисоъ: 83).
Валйи амр дар Қуръон тоифае ҳастанд, ки баҳрае аз ваҳй надоранд ва кори онон танҳо содир намудан орое аст, ки ба назарашон саҳеҳ мерасад. Итоати онон дар он ороъ ва дар ақволашон бар мардум воҷиб аст, ҳамон тавр, ки итоати Расул дар ороъ ва ақволаш бар мардум воҷиб аст: «أَطِيعُوا الرَّسُولَ وَ أُولِي الْأَمْرِ مِنْكُمْ» (Нисоъ: 59). Накӯҳиши муроҷиа ба ҳукми тоғут дар ояти баъди (Нисоъ: 60) қарина бар ин маъност, ки валийи амр ҳукми ҷадид ғайри ҳукми Худо ва Расул вазъ намекунад, балки ҳукмаш ба Қуръон ва суннат бозмегардад.
Вуҷуби итоати улуламр бидуни ҳеҷ қайд ва шарте аст ва наметавон бардошт кард, ки улуламри худро низ итоат кунед модоме ки амр ба маъсият накардаанд. Бинобар ин вуҷуби итоати он дар тарози вуҷуби итоат аз Худо ва Расулаш мерасоанд онон афроде аз ин уммат ҳастанд, ки дар гуфтор ва кирдор маъсум ҳастанд. Чун мо қудрати ташхиси ин афродро надорем, ба ночор мӯҳтоҷ ҳастем Худованд ва Расули Акрам (с) ба онон тасреҳ намояд, ки ин даст ривоёт бисёр вуҷуд дорад.
Ҳамон гуна, ки ривоёти мутафоти Сақалайн аз Паёмбари Худо(с) дар кутуби мутааддиди ҳадис нақл шудааст. Аз ҷумла дар китоби шарифи саҳеҳи Муслим мехонем: «Ман дар миёни шумо ду чизи гаронбаҳо боқӣ мегузорам: нахуст китоби Худо, ки дар он ҳидоят ва нур аст. Пас ба китоби Худо тамассук кунед». Паёмбар бар китоби Худо ташвиқ ва тарғиб кард ва сипас фармуд: «Ва Аҳли Байтам, Худоро дар ҳаққи Аҳли байтам фаромӯш накунед; Худоро дар ҳаққи Аҳли байтам фаромӯш накунед; Худоро дар ҳаққи Аҳли байтам фаромӯш накунед»
وَأَنَا تَارِکٌ فِيكُمْ ثَقَلَيْنِ: أَوَّلُهُمَا كِتَابُ اللهِ فِيهِ الْهُدَى وَالنُّورُ فَخُذُوا بِكِتَابِ اللهِ، وَاسْتَمْسِكُوا بِهِ فَحَثَّ عَلَى كِتَابِ اللهِ وَرَغَّبَ فِيهِ، ثُمَّ قَالَ: «وَأَهْلُ بَيْتِی أُذَكِّرُكُمُ اللهَ فِی أَهْلِ بَيْتِی، أُذَكِّرُكُمُ اللهَ فِی أَهْلِ بَيْتِی، أُذَكِّرُكُمُ اللهَ فِی أَهْلِ بَيْتِی»
(Саҳеҳи Мусаллам, Дору эҳёуттуроси арабӣ, ҷ4, саҳ 1873, ҳадиси 36).