IQNA

Аҷри муҳоҷирони илаллоҳ дар Қуръони Карим

21:45 - May 21, 2024
рақами хабар: 1534
ИКНА - Қуръони Карим мефармояд, ки ҳаркас аз хонаи худ дар масири Худо ва Паёмбараш берун равад, сипас марги ӯро дарёбад, мусалламан подоши ӯ бар Худост.

Қуръони Карим дар сураи Нисо мефармояд: وَمَنْ يَخْرُجْ مِنْ بَيْتِهِ مُهَاجِرًا إِلَى اللَّهِ وَرَسُولِهِ ثُمَّ يُدْرِكْهُ الْمَوْتُ فَقَدْ وَقَعَ أَجْرُهُ عَلَى اللَّهِ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَحِيمًا (Нисо: 100).

Муҳоҷират ба сӯи Худо ва Расул дар як маъно муҳоҷират ба сарзамини Ислом аст, аммо маънои дувум ҳар навъ муҳоҷиратеро, ки ба қасди таҳсили ризои Худованд ва амал ба як воҷиби шаръӣ бошадро шомил мешавад; Барои мисол касе, ки барои анҷоми фаризаи воҷиби ҳаҷ ё хидмат ба мардум ё ҳатто таҳияи озуқаи хонавода аз манзил хориҷ мешавад метавонад аз масодиқи муҳоҷират дар роҳи Худо бошад.

Идроки мавт истиъора ба киноя аз фаро расидани марг ба таври табиӣ ё ногаҳонӣ аст. Таъбири «мусалламан подошаш бар Худост» мефаҳмонад, ки дар назди Худои Мутаол аҷр ва савоби бузурге аст, ки ба таври ҳатм бандаи муҳоҷир онро дарёфт хоҳад кард. Дар ин оят сӯҳбат аз биҳишт ва дигар танаъумот нест, балки аҷре аст, ки фақат бар ӯҳдаи Аллоҳ аст. Поёнбахши ба калом бо ҷумлаи «Ва Худо ҳамвора бисёр омурзанда ва меҳрубон аст», таъкид бар ваъдаи вафои ба аҷр ва савобе, ки дода шудааст. 

Бинобар ин ҳар фарде, ки аз хона ва шаҳри худ хориҷ шавад ва ба ният ва қасди Худо ва Расули Ӯ (с) муҳоҷират кунад ва дар дори ҳиҷрат маргаш фаробирасад, аҷраш бар ӯҳдаи Худои Таоло аст. Ин оёт аз назари мазмун ихтисос ба замони Расули Худо (с) мардуми он замон надорад, балки дар ҳамаи замонҳо ҷараён хоҳад дошт, ҳар чанд, ки сабаби нузулаш ҳолате буда, ки мусалламан дар замони Расули Худо (с) ва дар хусуси шибҳи ҷазираи Арабистон, ва дар фосилаи замони байни ҳиҷрат ба Мадина ва байни фатҳи Макка доштаанд.

captcha