Мавзӯъи фақр яке аз масоили фарогири ҷомеаи башарӣ ба умқи таърих ва вусъати ҷуғрофияи ҷаҳонӣ аст. Тазодҳои иҷтимоӣ ва тағйироти мудовими муносиботи иқтисодӣ дар густариш ва коҳиши ин масъала бисёр таъсиргӯзор аст. Аммо роҳкори асосӣ барои канор задани чеҳраи фақр аз ҷомеа чист?

Тибқи дидгоҳи Ислом, бидуни таваҷҷӯҳи умумӣ ва пайвастаи инсонҳо ба шароити муҳитии худ ва иттилоъ ва расидагӣ ба авзоъи фақирон, наметавон умеди ба беҳбуди шароити ниёзмандон дошт. Мавзӯе, ки ҳеҷ мавриди дар Қуръон ба андозаи он муфассалан баҳс нашудааст ва мафҳуме ба номи “Инфоқ” ба унвони роҳи ҳалли он баён шудааст. Калимаи “Инфоқ”, дар луғат ба маънои пур кардани чоҳ ва дар истилоҳ, ба маънои пур кардан ва бартараф намудани камбудиҳои молӣ аст. Инфоқ, илова бар инфоқи мол ва сарват, шомили инфоқи илм, обрӯ ва мақом низ мешавад.
Осори инфоқ бар касе пӯшида нест, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба таъдили сарват ва кам шудани ихтилофоти табақотӣ, эҷоди муҳаббат, шукуфоӣ рӯҳи саховат ва болотар аз ҳама наздик шудан ба Худованд ишора кард. Ин омӯза дар бисёре аз оёти Қуръон такрор шуда ва умуми мардум нисбат ба ин иқдом даъват шудаанд:
الَّذِينَ يُنْفِقُونَ أَمْوَالَهُمْ بِاللَّيْلِ وَالنَّهَارِ سِرًّا وَعَلَانِيَةً فَلَهُمْ أَجْرُهُمْ عِنْدَ رَبِّهِمْ وَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ; “Касоне, ки амволашонро дар шаб ва рӯз ва пинҳон ва ошкор инфоқ мекунанд, барои онон назди Парвардигорашон подоши шоиста ва муносиб аст; Ва на биме бар онон аст ва на андӯҳгин мешаванд (Бақара, 274).
Ин фарози аз Қуръон ба ояти инфоқ шӯҳрат дорад ва башорати илоҳиро хитоб ба инфоқ диҳандгоне, ки дар ҳамаҳол ба он иқдом мекунанд, баён кардааст. Чунин афроде на аз фақр ва тангдастӣ бим доранд, чун ба ваъдаҳои Худованд имон дошта ва ба Ӯ таваккул мекунанд, ва на бахотири инфоқ, андӯҳгин мешаванд, чун ба ризояти илоҳӣ ва осори ухровии инфоқ таваҷҷӯҳ доранд.
Мӯҳсини Қироатӣ, дар тафсири Нур бо баёни инки ин оят ба манзилаи ҷамъбандии чаҳордаҳ ояти гузаштааст, ки дар бораи инфоқ баҳс мекард, мегӯяд, ки шояд далели онки «шаб» бар «рӯз» ва ё «махфиёна» бар «ошкор» муқаддам шудааст, он бошад, ки инфоқҳои пинҳонӣ дар дили шаб арзиши бештаре дорад. Ёдоварии ин нукта лозим аст, ки таваҷҷӯҳи Ислом ба масъалаи инфоқ, ба маънои гадопарварӣ ва ривоҷи гадоигарӣ нест. Зеро дар бисёре аз ривояот, аз касоне, ки бидуни доштани ниёз, аз дигарон дархости кумак мекунанд, мазаммат шуда ва аз сӯи дигар беҳтарин навъи инфоқ, дар ихтиёр қарордодани абзори кор ба ҷои пул додан, муаррифӣ шудааст.
Паёмҳои оят
1- Доштани рӯҳияи инфоқ ва саховат муҳим аст, на муваққат ва маҳдуд ва аз рӯи тараҳҳум. Зеро «يُنْفِقُونَ» бар истимрори кор далолат дорад.
2- Таъйин нашудани аҷри илоҳӣ, нишонаи густурдагии он аст. «أَجْرُهُمْ»
3- Ваъдаҳои илоҳӣ, беҳтарин мушаввиқи инсон дар корҳои нек аст. « فَلَهُمْ أَجْرُهُمْ»
4- Оромиш ва амният, аз баракоти инфоқ аст. «لا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَ لا هُمْ يَحْزَنُونَ»
Тибқи назари муфассирон, мисдоқи дақиқи ин оят шахсияти Алӣ ибни Абитолиб(а) аст ва оят ба муносибати иқдоми ӯ нозил шудааст. Алломаи Таботабоӣ дар Ал-Мизон, феҳристи баланде аз тафосир ва осори исломиро баён мекунад, ки бар ин нукта таъкид кардаанд: Алӣ ибни Абитолиб(а) чаҳор дирҳам нуқра дошт , якеро шубона, дувумиро дар рӯз, севумиро пинҳонӣ ва чаҳорумиро аланӣ садақа дод, ки ояти 274 сураи Бақара ба ҳамин муносибат нозил шуд ва дар он ба так-таки дирҳамҳои он ҷаноб, мол номида шуда ва ӯро ба қабули садақоташ бишорат додааст.
“Ад-Дуррул-Мансур”, “Тафсири Бурҳон” ва “Маноқиби ибни Шаҳри Ошуб” баъзе аз осоре ҳастанд, ки ин моҷароро нақл кардаанд ва ибни Аббос ва Саддӣ, Муҷоҳид ва Калбӣ, ва Аби Солеҳ, Воҳидӣ, Тӯcӣ ва Саълабӣ, Табарсӣ ва Мовардӣ, Қушайрӣ ва Шимолӣ ва Наққош ва Фаттол ва Абдуллоҳ ибни Ҳусайн ва Алӣ ибни Ҳарби Тоӣ, ҳамагӣ дар тафсирҳои худ ба баёни он пардохтаанд.
Калидвожаҳо: Инфоқ ба ниёзманд, дидгоҳи иҷтимоӣ Ислом, рафъи фақр,