IQNA

Намоиши Қуръонҳои таърихӣ дар музаи Қазон + акс

4:52 - May 27, 2024
рақами хабар: 1561
ИКНА - Маҷмӯае аз Қуръонҳои таърихӣ ва осори исломӣ дар музаи Қазон воқеъ дар пойтахти ҷумҳурии Тотористон ба намоиш гузошта шудааст. 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, маҷмӯае аз Қуръонҳои таърихӣ ва осори исломӣ дар музаи Қазон воқеъ дар пойтахти ҷумҳурии Тотористон ба намоиш даромадааст.

Дар ин муза илова бар осори таърихӣ аз давраи Русияи тезорӣ ва ҷанги ҷаҳонии аввал, маҷмӯае аз нусхаҳои хаттии Қуръонро нигаҳдорӣ мекунад. Аз ҷумла мусҳафҳои хаттии нодире, ки дар ин муза нигаҳдорӣ мешавад, мусҳафи ба хатт Ғубор аст, ки онро танҳо бо заррабин метавон хонд.

Ин муза яке аз бузургтарин музейҳои фарҳангӣ ва таърихӣ дар минтақаи Волга маҳсуб мешавад ва шомили маҷмӯаи хусусии Андрей Лихачёв, бостоншинос ва маҷмӯадори машҳури Тотористон аст. Илова бар ин дар ин муза маҷмӯае қавмнигории мунҳасирбафарде, шомили як маҷмӯаи сиккашиносӣ, маҷмӯае аз нусахи хаттӣ ва китобҳои чопӣ ва маҷмӯае аз осори мактуби гаронбаҳо дар канори архиви чеҳраҳои машҳури фарҳангӣ ва динии Тотор мавҷуд аст.

Ин муза дар маҳаллаи қадимии Тоторҳо дар шаҳри Қазон қарор дорад. Қазон яке аз муҳиммтарин марокизи мусулмонон дар Русия аст ва аз нахустин марокиз дар ҷаҳони Ислом аст, ки Қуръон дар он ба чоп расидааст. Ин Қуръон, ки «мусҳафи Қазон» номида мешавад яке аз қадимитарин нусхаҳои Қуръон аст, ки бо истифода аз шеваи чопи сангӣ ба табъ расида ва ҳосили талоши уламо ва санъаткорони шаҳри Қазон аст, ки дар ибтидои қарни нуздаҳум дар соли 1803 ба чоп расидааст. Ин мусҳаф ба хатти нусахи вижаи Қазон ва дар ду қатъи бузург ва кӯчак ба чоп расид. Акнун танҳо нусхаҳои маъдуде аз ин мусҳаф боқӣ мондааст, ки яке аз онҳо дар музаи Қазон нигаҳдорӣ мешавад.

https://iqna.ir/00HhM5

captcha