Ба гузориши Алҷазира, Саҷид Варда, мудири ҷашнвораи филми мусулмони Лондон тасреҳ кард: ин рӯйдоди ҳунарӣ ба думболи таҷлил аз синмои мусулмон аст ва ба достонҳое мепардозад, ки маъмулан гуфта намешавад.
Ба гуфта вай, ҳадафи ин ҷашнвора бозтаърифи вожаҳои «мусулмон» ва «Ислом» ба ҷои «тасвири манфӣ» аст, ки ағлаб дар расонаҳо мунташир мешавад.
Дар ин ҷашнвора филмҳое аз коргардонони мусулмон аз саросари ҷаҳон ба намоиш гузошта мешавад.
Фаъолиятҳои ин ҷашнвора аз 30 май оғоз ва то 2 июн идома хоҳад дошт.
Ба гуфтаи Саҷид Варда, дидгоҳи ҷаҳонӣ пас аз ҳаводиси 11 сентябр ба шиддат тағйир карда ва дар синмои кунунӣ мусулмонон мутародиф бо террористҳо муаррифӣ шудаанд. Ин яке аз тасовири роиҷ аз мусулмонон аст, ки ба маҳзи овардани номи онҳо тадоъӣ мешавад. Ба гуфтаи Саҷид Варда ин амр мунҷар ба паёмадҳои манфӣ барои ҷавомеъи мусулмонон шудааст.
Саҷид Варда, ки муассисаи хайрияи филми исломии Биритониёро барои ҳимоят аз истеъдодҳо ва садоҳо, таъсис карда, гуфт: ба нудрат метавон филмҳое аз ҷаҳони исломро дар сакуҳои бартари ҷашнвораҳои филм дид.
Мудири ҷашнвораи филми мусулмон таъкид кард: ман ба унвони тарафдори синамо, ин рӯйдодро воқеан ҳаяҷонангез медонам, зеро ин ҷашнвора, ҷашни пур ҷунбуҷуш аз фарҳангҳо ва достонҳо аз саросари ҷаҳони Ислом хоҳад буд.
https://iqna.ir/00HhTW