IQNA

Таъкид бар аҳамияти ҷойгоҳи зан аз дидгоҳи Қуръон дар коргоҳи Яман

5:04 - May 28, 2024
рақами хабар: 1568
ИКНА - Суханронон дар як коргоҳи ду рӯза, ки дар устони Замари Яман баргузор шуд, нақш ва ҷойгоҳи занон аз дидгоҳи Қуръони Каримро баррасӣ карданд. 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар як коргоҳи дӯруза, ки аз сӯи идораи фарҳангии занон дар устони Замари Яман баргузор шуд, ҷойгоҳи занон ва нақши онҳо дар ҷомеа аз дидгоҳи Қуръони Карим мавриди баҳс ва гуфтугӯ қарор гирифт.

Дар ин коргоҳ Иброҳим Ал-Зарофӣ, раиси додгоҳи таҷдиди назари устон ба баррасии ҷойгоҳи занон дар Ислом ва нақши онҳо дар ташкили ҷомеъа пардохт.

Аз сӯи дигар шайх Исмоил Ал-Вашлӣ, узви анҷумани уламои Яман хотирнишон кард: Қуръон ва фарҳанги исломӣ намунаҳои бузурге аз занон монанди ҳазрати Фотима (с), ҳазрати Хадиҷаи Кубро (с), ҳазрати Марям (с) ва ҳазрати Зайнаб (с)-ро муарриф аст. Вай таъкид кард: уммати исломӣ ниёзе ба улгуҳои ғарбӣ надорад.

Қозӣ Ёсир, раиси додгоҳи кайфарии устон низ бар такрими занон дар Қуръон таъкид кард. Вай равишшиносии исломӣ дар муроқибат аз занон, хатари истилоҳоти ғарбии марбут ба ҳуқуқи занон дар ҷомеа ва аҳамияти ислоҳи мафоҳими ғалати ғарбӣ дар мавриди ҳуқуқи занонро ташреҳ кард.

Аз сӯи дигар қозӣ Холид Ал-Сусуа, мудири додгоҳи истинофи устон, бар нақши Амрико ва режими саҳюнистӣ дар ҳадаф қарор додани занон аз назари фарҳангӣ, эътиқодӣ ва отифӣ таъкид кард.

Ҳамчунин Абдулалим Ал-Фақиҳ, устоди ҳуқуқи умуми донишгоҳи Ал-Ҳикма низ вазъият ва воқеияти занон дар мисоқҳои байналмилалиро мавриди баҳс қарор дод. Абдуллоҳ Муқбил, устоди ҳуқуқи байналмилал дар донишгоҳи Ал-Ҳикма дигар суханрони ин коргоҳ буд, ки ба ҳуқуқи занон дар қонуни асосӣ ва қавонини Яман пардохт.

Ин коргоҳ бо тавсияҳои коршиносон барои афзоиши барномаҳои огоҳӣ бахшии вижаи занон, духтарон донишомӯз, муассисот ва донишгоҳҳо ба манзури иртиқои ҳувияти динӣ ва масунсозии онҳо дар баробари хатароти ҷанги нарм дирӯз, ба кори худ поён дод.

https://iqna.ir/00HhS2

captcha