IQNA

Эҳдои Қуръони тилокӯб ба музаи имом Ҳусайн(а) дар Карбало + видео

13:08 - May 21, 2023
рақами хабар: 16
Эҳдои Қуръони тилокӯб ба музаи имом Ҳусайн(а) дар Карбало + видео
Остони муқаддаси Ҳусайнӣ аз намоиши Қуръони талоӣ ҷадиди эҳдоӣ ба музаи ин ҳарами мутаҳҳар дар шаҳри Карбалои муалло хабар дод.

Ба гузориши “ИКНА” ба нақл аз хабаргузории “Нуни” Ироқ, музаи имом Ҳусайн(а) остони муқаддаси Ҳусайнӣ дар Карбалои муалло як нусхаи камёб аз Қуръони Карими музаяян бо тило, мис, аламос, платина ва нуқраро аз яке аз муҳиббони аҳлу байт(а) ҳадия дарёфт кард.

Ғасан Шаҳристонӣ, раиси бахши музаи остони муқаддаси Ҳусайнӣ мегӯяд: асари арзишманди ҷадиде ба музаи имом Ҳусайн(а) эҳдо шуда, ки иборат аст аз мусҳафи Қуръони Карим бо рӯкаши тилоӣ 18 ва 24 аёр, ки дар он аз 1500 грам нуқраи холис, 21 варақ мис ва сафаҳоте аз нуқра ва платина ва якуним қирот аламоси асл низ ба кор рафтааст.

Вай афзуд: миқдори тилои ба кор гирифта шуда дар таҳияи ин нусхаи Қуръони Карим ба чаҳор килограмми холис мерасад ва ба хатти “Усмон Тоҳа”, хаттоти ҷаҳонӣ навишта шуда ва пас аз ироа ба шайх Абдулмаҳди Ал-Карбалоӣ, мутаваллии шаръии остони муқаддаси Ҳусайнӣ ва касби мувофиқати вай дар муза ба намоиш гузошта шудааст.

تعداد بازدید : 11
код

https://iqna.ir/fa/news/4141958

captcha