Ба гузориши Алҷазира, сенатор Берни Сандерс дар суханронии рӯзи душанбеи худ таъкид кард, ки ҷанги чанд моҳаи Исроил алайҳи Ғазза асароти ваҳшатноке бар кӯдакони фаластинӣ дар ин борика доштааст.
Вай аз Майк Ҷонсон, раиси маҷлиси намояндагони Амрико ба далели хӯрдани истикҳои фонтезӣ дар ваъдаҳои ғизоии худ интиқод кард чаро ки артиши режими саҳюнистӣ аз вуруди кумакҳои ғизоии ҳаётӣ ба Ғазза ҷилавгирӣ мекунад ва боис мешавад кӯдакон аз гуруснагӣ бимиранд.
Вай хостори лағви суханронии Нетанёҳу, нахуствазири режими ҷинояткори саҳюнистӣ дар нишасти муштараки Конгресс шуд, ки дар бҳбуҳаи таҷовузоти фоҷиабори режими саҳюнистӣ ба Ғазза, ба таври расмӣ тавассути раҳбарони демократ ва ҷумҳурихоҳ барои суханронӣ даъват шудааст.
Берни Сандерс дар тӯли суханронии худ чандин акс нишон дод ва таъкид кард, ки ҳазорон кӯдак дар Ғазза, дар натиҷаи сиёсатҳои Нетанёҳу, ки тавассути Майк Ҷонсон, раиси маҷлис барои суханронӣ дар Конгресс даъват шудааст, аз суъи тағзияи ҳод ранҷ мебаранд.
Вай таъкид кард: Ман барои ин суханронӣ ҳузур нахоҳам дошт.
Берни Сандерс яке аз чандин қонунгузори Иёлоти Муттаҳидааст, ки интизор меравад суханронии ояндаи Нетанёҳу дар Конгрессро таҳрим кунанд. Замони ин суханронӣ токунун дақиқан мушаххас нашудааст.