IQNA

Ал-ҳавсӣ: Ҷаҳон шоҳиди шикасти Исроил аст

14:37 - June 07, 2024
рақами хабар: 1627
ИКНА - Раҳбари Ансоруллоҳи Яман бо ишора ба нақши Амрико дар ҳамаи ҷиноятҳои режими Исроил дар Ғазза гуфт: Душман натавонист дар 8 моҳи ҷанг пирӯзие ба даст оварад ва ҷаҳон шоҳиди шикасти он аст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Абдулмолик Бадруддин Ал-ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман рӯзи гузашта дар суханоне гуфт, 244 рӯз аст, ки ҳамлаҳои Исроил ва саҳюнистҳои мутаҷовиз ва котили дастаҷамъона алайҳи миллати Фаластин дар Навори Ғазза идома дорад.

Ал-ҳусӣ таъкид кард, вақте ба таърихи ишғолгарии душмани саҳюнистӣ нигоҳ мекунем мебинем, ки саҳюнистҳо чи дар 1967 ва чи дар 244 рӯзи гузашта ҳеҷгуна пирӯзиеро ба даст наовардааст.

Раҳбари Ансоруллоҳ дар идома гуфт: Аз оғози интифоза дар соли 1988 то хуруҷи таҳқиромези артиши душман аз Лубнон дар соли 2000, ҷанги соли 2006 ва Сайфулқудс ва набардҳои дигар, душман маҷбур шуд, ки бо шикаст ва хориву зиллат бозгардад.

Ӯ суханонашро давом дода гуфт: Шикасти соли 1967 намунаи ҳақиқӣ аз тамаъварзиҳои душман дар сарзаминҳои арабӣ аст, ки танҳо бо зури силоҳи муқовимат мағлуб шуд.

Ал-ҳусӣ изҳор дошт, ки муқовимати Фаластин дар ҳоли ҳозир силоҳ ва мушакҳои сабук ва миёна дорад ва мо ва ҷаҳон имрӯз сатҳи шикасти душмани Исроилро мушоҳида мекунем.

Вай гуфт, нақши Амрико ва шарикии он дар ҳама ҷиноятҳои саҳюнистӣ алайҳи мардуми Фаластин идома дорад.

Раҳбари Ансоруллоҳ гуфт, ки амрикоиҳо кӯшиш мекунанд, ки дар дохили ин кишвар ҳеҷ садое бар зидди сиёсатҳои он, ки аз Исроил пуштибонӣ мекунанд, садо надиҳад. Амрико, ки дар шиорҳои худ вонамуд мекунад, ки адолатро эҳтиром мекунад, алайҳи Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ, кормандон ва додрасҳои он таҳрим ҷорӣ мекунад.

Иёлоти Муттаҳида кӯшиш мекунад, ки ба ҳар гуна амале, ки ба душмани исроилӣ фишор меорад ё миллати Фаластинро дар сатҳи ҳуқуқӣ, судӣ, сиёсӣ, расонаӣ ва ғайра дастгирӣ мекунад, муқобилат кунад.

Раҳбари Ансоруллоҳ таъкид кард: Амрико талош дорад, ҳаракати донишҷӯён дар донишгоҳҳои ин кишварро саркӯб кунад ва бо фаъолияти донишҷӯёни донишгоҳҳои Амрико, ки аз миллати Фаластин ҳимоят мекунанд, муқобила кунад.

Ал-ҳусӣ дар робита ба ироаи тарҳи оташбаси Амрико гуфт, тарҳи Амрико ба поёни таҷовуз ба Ғазза ё хурӯҷи душмани исроилӣ аз он ва ҳамчунин ба ҳама манотиқи Навори Ғазза расидани кумакҳо муяссар намешавад. Ҳадаф аз ин тарҳ эҷоди пӯшиш ва пуштибонии сиёсӣ барои душмани исроилӣ дар муқобили инзивои он дар ҷаҳон аст. Тарҳи Амрико пардаи давом додани чиноятхои наслкушӣ ва давом додани мухосира мебошад, ки рӯз то рӯз пурзуртар мегардад.

Вай гуфт, ки неруҳои ҷабҳаи муқовимат дар тамоми меҳварҳои даргириҳо дар Навори Ғазза ба муқовимати худ бо Исроил идома медиҳанд.

Ал-ҳусӣ таъкид кард, ки имрӯза душмани исроилӣ ба қудрат ва таъсиргузории ҷабҳаи муқовимат ва ҳамкориҳои Ҳизбуллоҳ, Ансоруллоҳ ва муқовимати Ироқ эътироф мекунад. Амалиёти муштарак бо нерӯҳои муқовимати исломии Ироқ муҳим, стратегӣ ва афзоишёбанда аст. Теъдоди амалиёти нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар ин ҳафта дар баҳри Сурх, Арабистон ва уқёнуси Ҳинд ба 11 адад мерасад. Ин амалиётҳо бо истифода аз 36 мушаки баллистикии идорашаванда ва ҳавопаймоҳои бесарнишин анҷом дода шуданд. Яке аз таҳаввулоти муҳим ин намоиши системаи мушакии “Фаластин” буд.

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман дар идома гуфт: Миллати мо бо вуҷуди талошҳои душманон барои фишор ба онҳо барои ақибнишинӣ аз ҳимояти Фаластин дар мавзеъи худ устувор аст ва аз миллати мубориз, озод ва азиз хоҳиш мекунам, ки рӯзи ҷумъа миллионҳо нафар дар Санъо ва дигар вилоятҳои Яман дар ҳимоят аз Фаластин тазоҳурот кунанд.

https://tajikpress.com/2024/06/07/

captcha