Ба гузориши вебгаҳи Ал-Халиҷ, Абдуллоҳ Аҳмад Оли Солеҳ, муовини вазири иқтисоди Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар нишасти давоздаҳумин иҷлоси вузарои гардишгарии узви Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Хиваи ҷумҳури Узбакистон бар беҳбуди иҷрои стандартҳои гардишгарии Ҳалол таъкид кард.
Ин нишаст бо ҳузури теъдоде аз вузарои гардишгарӣ ва мақомоти аршади бахши гардишгарӣ аз кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ ва ҳамчунин намояндагони гурӯҳе аз Созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ, ки дар заминаҳои гардишгарӣ ва фарҳангӣ фаъолият мекунанд баргузор шуд.
Абдуллоҳ Оли Солеҳ дар суханронии худ зимни ташаккур ва қадрдонӣ аз Ҷумҳурии Узбакистон ба далели мизбонӣ аз ин нишасти муҳим ва талош барои баргузории ин нишаст, аз талошҳои созмони ҳамкории исломӣ дар баргузории ин нишасти самарбахш қадрдонӣ ва ҳимояти мустамари он барои афзоиши рушд бахши гардишгарӣ дар минтақаро таҳсин кард.
Вай дар суханони худ таъкид кард, ки Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба лутфи дастуроти раҳбарии ин кишвар, мутааҳҳид ба ҳимоят аз аҳдофи Созмони ҳамкории исломӣ дар иртиқои гардишгарӣ ба унвони мушаввиқе барои рушди иқтисодӣ, табодули фарҳангӣ ва дарки мутақобил байни кишварҳои узв, табодули таҷрибиёт ва талош барои эҷоди мушорикатҳои ҷадид ва мустамар дар бахшҳо ва фаъолиятҳои мухталифи гардишгарӣ аст.
Оли Солеҳ хостори тақвияти талошҳои муштарак барои иҷрои стандартҳои гардишгарии ҳалоли Созмони ҳамкории исломӣ ба шеваи густурдатар ва ҷомеътар шуд ва таъкид кард, ки ин стандартҳо ба ироаи пешниҳодҳои гардишгарӣ бо болотарин сатҳи кайфият барои мусофирони мусулмони саросари ҷаҳон кумак мекунад ва эътимод ва ризояти онҳо аз сатҳи гардишгарӣ дар минтақаро афзоиш медиҳад.
https://iqna.ir/00Hhq9