Ба гузориши манобеи хабарӣ, Шӯрои ҳуккоми мусалмон дар баёнияе зимни маҳкум кардани иқдоми саҳюнистҳо мавсум ба «Роҳпаймоии парчам» дар шаҳри Қудси ишғолӣ, таҷовузоти саҳюнистҳо алайҳи Фаластиниён, иқдомоти нажодпарастонаи онҳо, эъмоли маҳдудият барои дастрасии намозгузорон ба Масҷидул-Ақсо ва маҳдудияти тараддуди намозгузорон дар шаҳри қадимии Байтул Муқаддасро маҳкум кард.
Ин Шӯро аз ҷомеаи байналмилалӣ хост то барои мулзам кардани режими ишғолгари Исроил ба таваққуфи ҳаргуна таҷовуз алайҳи миллати Фаластин ва муқаддасоти исломӣ ва масеҳӣ, эҳтиром ба ҷойгоҳи қонунии шаҳри Байтул Муқаддас, таваққуфи ҳаргуна иқдоми ғайриқонунии саҳюнистҳо ва талош барои тақсими замонӣ ва маконии Масҷидул-Ақсо тадобири оҷил ба амал оварад.
Ин Шӯро бо таъкид бар инки тамоми масоҳати Масҷидул-Ақсо, ки болиғ бар 144 метри мураббаъ аст, ибодатгоҳи мусалмонон аст, бар мавзеъи худ мабнӣ бар ташдиди талошҳои байналмилалӣ барои таваққуфи фаврии таҷовузи саҳюнистҳо ба Ғазза таъкид кард ва хостори иҷозаи вуруди кумакҳои башардӯстона ва имдодӣ, ба расмият шинохтани ҳаққи мардуми Фаластин барои эҷоди кишвари мустақили худ ба пойтахтии Қудси шариф ва поён додан ба ранҷи мустамарри миллати Фаластин шуд.
https://iqna.ir/00Hhrd