IQNA

Масҷиди Австралия; Барандаи ҷоизаи муассисаи салтанатии меъморони Биритониё

11:32 - June 19, 2024
рақами хабар: 1689
ИКНА - Масҷид Панчбоул дар Сидней аз сӯи муассисаи салтанатии меъморони Биритониё ба унвони яке аз барандагони ҷоизаи соли 2024 ин муассиса муаррифӣ шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, масҷиди Панчбоул дар ҷануби ғарби Сидней, барандаи ҷоизаи муассисаи салтанатии меъморони биритониёӣ (RIBA) шуд.

Ин масҷид ҷузъи 22 сохтумони баранда аз 14 кишвар аст, ки ба далели навоварӣ дар меъморӣ ва дастёбӣ ба стандартҳои бартар шинохта шудааст.

Тасмими сохти ин масҷид, ки мутааллиқ ба созмони таблиғи исломии Австралия (AIM) аст дар соли 1996 иттихоз шуд, аммо гирифтани муҷаввизи сохти он ба далели мухолифати бархе мақомоти маҳаллӣ, 17 сол тӯл кашид.

Меъмории ин масҷид дорои вижагиҳои мунҳасир ба фарде аст. Сақфи ин масҷид аз меъмории суннатии гунбадҳои масоҷид илҳом гирифта шудааст.

Сақфи дохилии ин масҷид як гунбади марказӣ дорад ва теъдоди зиёде гунбади кӯчактар ним доираӣ сементӣ бар рӯи гунбади аслӣ тарроҳӣ шуда, ки намоди Асмоулҳусно аст ва бо хушнависии исломӣ тазъин шудааст.

مسجد استرالیایی برنده جایزه موسسه سلطنتی معماران بریتانیا شد

Дар маркази ҳар яке аз ин сақфҳои сементӣ дар сақфи ин масҷид, як манфази 30 милиметрӣ дорад, ки нури табииро вориди саҳни масҷид мекунад. Дар меъмории дохилӣ аз ранг ва тазъиноти роиҷи масоҷид асаре нест ва дар бахшҳое аз он аз санг ва чӯб истифода шудааст.

Ин масҷид дорои ду саҳни ҷудогона аст.

Анҷело Кандалпас, меъмори австралияии юнонӣ тарроҳии ин биноро бар ӯҳда доштааст. Ин масҷид бо масоҳати 550 метри мураббаъ ва гунҷоиши 300 намозгузор дар соли 2019 такмил шуд. 

RIBA ин сохтумонро ба унвони фазои муқаддас ва амиқан пурнишот, ки ба тарзи ҷодуӣ дар муҳити рӯзмрраи як минтақаи маскунӣ дар ҳавмаи Сидней сохта шудааст ситоиш кард. Доварони эълом карданд алорағми истифодаи комилан модерн аз масолеҳ, ба назар мерасад масҷиди Панчбоул дар суннати меъмории мусулмон ҷойгоҳи худро пайдо кардааст.

مسجد استرالیایی برنده جایزه موسسه سلطنتی معماران بریتانیا شد

https://iqna.ir/fa/news/4222059

captcha