Раисиҷумҳури Тотористон мегӯяд, равобити Русия бо ҷаҳони Ислом бо афзоиши саҳми тиҷорати байналмилалӣ аҳамияти вижае пайдо мекунад.

Ба гузориши “ИКНА” ба нақл аз “Анатолӣ”, “Рустам Миниханов”, раисиҷумҳури Тотористон (Rustem Minnihanov), дар ҷаласаи умумии маҷмаъи Қазон гуфт: равобити Русия бо ҷаҳони Ислом бо афзоиши саҳми тиҷорати байналмилалӣ аҳамияти вижае пайдо мекунад.
Рустам Миниханов дар нишасти умумии чаҳордаҳумин иҷлоси байналмилалии иқтисоди Русия ҷаҳони Ислом: маҷмаъи Қазон (Russia – the Islamic World: Kazan Forum), ки дар шаҳри Қазон пойтахти Тотористон баргузор шуд, гуфт: дар пасзаминаи тағйироти асосӣ дар арсаи байналмилалӣ ва чолишҳои бузург барои кишвари мо, равобит бо ҷаҳони Ислом аҳамияти вежае пайдо мекунад.
Миниханов бори дигар бар равобити наздики Русия ва кишварҳои мусулмон таъкид ва ба қасди Русия барои узвият дар Созмони ҳамкории исломӣ ишора кард.
Вай афзуд: имрӯз Русия нозири созмони ҳамкории исломӣ аст ва худи ин созмон муҳиммтарин ниҳоди давлатии ҷаҳони ислом аст, Русия дар талош аст то ҳамкории ҳамаҷониба бо кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломиро бо эҳтиром ба сохтори умумӣ ва сиёсӣ ва арзишҳои маънавии онҳо тақвият кунад.
Аз соли 2009, маҷмаъи Қазон ба кишварҳои ширкаткунанда иҷоза медиҳад то дар мавриди масоили ҳамкорӣ ва иҷрои барномаҳои муштарак баҳс ва гуфтугӯ кунанд то равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фаннӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ байни манотиқи Русия ва кишварҳои узви созмони Ҳамкории исломӣ тақвият шавад.
Пештар “Владимир Путин”, раисиҷумҳури Русия рӯзи ҷумъа, 19 май бар нақши муҳимми мусулмонони Русия дар густариши иртибототи байналмилалии кишвараш таъкид кард ва гуфт: Русия ба думболи шуракои ҷадиде барои иртиқои ҳамкориҳои кишоварзӣ, санъатӣ ва эҷоди занҷираҳои ҳамлу нақл ва техникӣ аст.
https://iqna.ir/fa/news/4141995