IQNA

Ифтитоҳи намоишгоҳи нусхаи қуръонии нодир дар Ироқ

21:29 - June 24, 2024
рақами хабар: 1722
ИКНА - Намоишгоҳи нусхаи қуръонии нодир дар Ироқи шомили нусхаҳое аз Қуръони Карими мутаъаллиқ ба қуруни нахуст то сеюми ҳиҷрӣ дар Наҷафи Ашраф ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, намоишгоҳи нусхаи қуръонии нодир дар Ироқи шомили нусхаҳое аз Қуръони Карими мутаъаллиқ ба қуруни нахуст то сеюм ҳиҷрӣ дар Наҷафи Ашраф ифтитоҳ шуд.

Ин намоишгоҳ шомили ганҷинаҳое аз нусахи хаттии камёб, ба вижа нусахе аз Қуръони Карим аст, ки ба бозаи замонӣ аз қарни нахуст то қарни сеюм ҳиҷрӣ таъаллуқ дорад. Ин намоишгоҳ, ки дар чорчуби фаъолиятҳои сездаҳумини ҳафтаи ҷаҳонӣ Ал-Ғадир баргузор шуд, шоҳиди ҳузури чашмгири боздид кунандагон ва алоқамандон ба таърихи Ислом ва тамаддуни исломӣ буд.

Дар ин намоишгоҳ 12 нусхаи хаттии Қуръони Карим ба намоиши даромаде, ки рӯи пӯсте навишта шуда ва аз сӯи моҳиртарин хушнависон дар тӯли аъсор навишта шудааст. Аз ҷумла нусахи хаттии камёбе ки мавриди тавваҷуҳи вижа қарори гирифта қуръонӣ аст, ки ба имом Алӣ (а) мансуб аст.

Ин намоишгоҳ танҳо ба Қуръони Карим маҳдуд намешавад, балки шомили 16 нусхаи хаттӣ аз осори фалсафӣ ва фиқҳии мухталиф ба хати уламое чун шайх Тусӣ ва Ибн Каммуна аст. Ганҷинаи нусахи хаттии ҳарами мутаҳҳари Алавӣ, ганҷинаи бузург ва азиме ба шумор меравад, ки шомили беш аз 7500 нусхаи хаттии камёб аз ҷумла Қуръонҳо ва нусахи хаттии арзишманд аст.

Ин намоишгоҳро ки бисёре онро танҳо шамае аз мироси фарҳангии гаронқадри ҳарами мутаҳҳари Алавӣ медонанд бо ҳадафи ҳифз ва ишоъаи ин мирос ва афзоиши иртиботи тамаддунии исломӣ бо наслҳои ҷадид баргузор шудааст. Ин намоишгоҳ ҳамчунин ба эҳёи гардишгарии мазҳабӣ ва фарҳангӣ дар устони Наҷаф ёрӣ мерасонад ва ҷойгоҳи волои ин устонро ба унвони як маркази фарҳангӣ ва фикрии барҷаста дар Ироқ ва ҷаҳони Ислом намоён месозад.

https://iqna.ir/fa/news/4222900

captcha