IQNA

Сураҳои Қуръон / 25

Намунае аз шигифтиҳои дарё дар сураи "Фурқон"

21:34 - July 03, 2023
рақами хабар: 179
Дар Дания ду дарё дар канори якдигар қарор доранд, ки тасвири зебоеро ба намоиш гузоштаанд. Яке шӯр аст ва дигарӣ ширин; Ин ду дарё бо вижагиҳои мухталиф ҳеҷгоҳ дар ҳам омехта намешванд ва мисли ин аст, ки деворе байни онҳо вуҷуд дорад, аммо ҳар чӣ ҳаст ҷуз шигифтӣ ва эъҷоз, чизи дигаре наметавонад бошад.

Теҳрон (ИКНА), бисту панҷумин сураи Қуръони Карим “Фурқон” ном дорад. Ин сура макӣ аст ва чиҳилу дувумин сурае аст, ки бар Паёмбар(с) нозил шудааст. Сураи Фурқон бо 77 оят дар ҷузъҳои ҳаҷдаҳум ва нуздаҳум қарор дорад.

“Фурқон”, ки ба маънои ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст, яке аз номҳои Қуръон маҳсуб мешавад. Ин сура бар мабоҳиси тавҳид, маод, набувват ва мубориза бо бутпарастӣ таъкид мекунад ва дар оёти поёнии он, вижагиҳои муъминони ростин омадааст.

Сураи Фурқонро аз лиҳози мавзӯъ метавон ба се бахш тақсим кард:

Дар бахши аввал мантиқи мушриконро мавриди интиқод қарор медиҳад ва ба баҳонаҷӯиҳои онҳо барои напазируфтани сухани ҳақ посух медиҳад ва ба онҳо дар мавриди азоби Худо ҳушдор медиҳад ва ба думболи он қисматҳои аз саргузашти ақвоми гузаштаро, ки бар асари мухолифат бо даъвати Паёмбарон гирифтори сахттарин балоҳ шуданд, ба унвони дарси ибрат баён мекунад.

Дар бахши дувум аз далоили тавҳид ва нишонаҳои азамати Худоро дар ҷаҳони офариниш, аз рӯшноӣ офтоб гирифта, то зулмат ва торикии шаб, ва вазиши бодҳо, ва нузули борон, ва зинда шудани заминҳои мурда, ва офариниши осмонҳо ва заминҳо дар шаш давра ва офариниши хуршед ва моҳ ва сйри муназзами онҳо дар буруҷи осмонӣ ва монанд он сухан мегӯяд.

Дар миёни мавориде, ки аз шигифтиҳои хилқат ном бурда, метавон ба ояти 53 ишора кард, ки мефармояд: وَهُوَ الَّذِي مَرَجَ الْبَحْرَيْنِ هَذَا عَذْبٌ فُرَاتٌ وَ هذَا مِلْحٌ أُجَاجٌ وَجَعَلَ بَيْنَهُمَا بَرْزَخًا وَحِجْرًا مَحْجُورًا: “Ва ӯст касе, ки ду дарёро мӯъҷизона ба сӯи ҳам равон кард: ин яке ширин [ва] гуворо ва он яке шӯр [ва] талх аст; Ва миёни он ду, монеъ ва ҳарими устувор қарор дод”.

Ин оят дар мавриди ду дарё сухан гуфта, ки яке аз шигифтҳои ҷаҳони хилқат маҳсуб мешавад. Дар оёти 19 сураи Арраҳмон ва 61 сураи Намл низ аз ин ду дарё сухан гуфта шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба вижагиҳои баён шуда метавон гуфт ишораи ин оят ба марзи миёни дарёи Балтика ва дарёи шимолӣ аст, ки дар шаҳри туристии Скаген дар Дания дида мешавад. Ҳамчунин дарёи Мидитарона ва Уқёнуси Атлантик низ дорои ин вижагӣ ҳастанд.

Бахши севуми сураи Фурқон низ дар мавриди сифоти муъминони ростин (عِبادُ الرَّحْمنِ‌) ва бандагони холиси Худо аст, ки дар муқоиса бо куффори мутаассиб ва баҳонагирӣ матраҳ шудааст; Ин сифоти маҷмӯае аст аз эътиқодот, амал солеҳ, мубориза бо шаҳавот, доштани огоҳии кофӣ, ва тааҳҳуд ва эҳсоси масъулияти иҷтимоӣ.

captcha