Фаластин (ИКНА) ба нақл аз вебгоҳи Сафо, гурӯҳе аз ҷавонони Рафаҳ ахиран бо ихтиёри худ барои тармими Қуръонҳои пора ва қадимӣ дар масоҷид ва манозил роҳандозӣ кардаанд.
Ин гурӯҳ муташаккил аз 6 нафар аст, ки беш аз ҳазор ҷилд Қуръонро дар масоҷиди Рафаҳ таъмир ва омода кардаанд ва ҳамчунон ҳам ба кори таъмири Қуръонҳо идома медиҳанд.
Ин гурӯҳ ҳамчунин бо истифода аз абзорҳои содда монанди часб ва муқавво, бархе аз утоқҳои манозили худро ба коргоҳи таъмири Қуръони Карим табдил карданд.
Билол Муаммар, яке аз масъулини ин кор мегӯяд: пас аз ёфтани маҷмӯаи бузурге аз Қуръонҳои фарсуда ва куҳна дар аксари масоҷид, иқдоми довталабона ба роҳ андохтем. Бархе аз онҳо бидуни ҷилд ҳастанд, бархе дигар ҳам теъдоде аз сафаҳоти худро аз даст додаанд ва бархе ҳам дар ҷои муносибе нигаҳдорӣ намешванд, ба ҳамин далел мо ба сурати ихтиёрӣ барои таъмири ин Қуръонҳо даст ба кор шудем.