IQNA

 Ирмиё

11:04 - August 04, 2024
рақами хабар: 1921
ИКНА - Ҳазрати Ирмиё ибни Ҳалқиё, аз Паёмбарони бузурги бани Исроил дар қарни шашум ва ҳафтуми пеш аз мелод буда, ки номи ӯ дар Қуръон ба таври сареҳ зикр нашуда, вале дар манобеи тафсирӣ ва равоӣ дар зайли бархе аз оёти Қуръон аз ӯ ёд кардаанд.

Ҳазрат Ирмиё фарзанди Ҳалқиё, аз Паёмбарони бузурги бани Исроил дар қарни шашум ва ҳафтуми пеш аз мелод буда, ки номи ӯ дар Қуръон ба таври сареҳ зикр нашуда, вале дар манобеи тафсирӣ ва ривоӣ дар зайли бархе аз оёти Қуръон аз ӯ ёд кардаанд. Асли номи ин Паёмбар дар забони ибрӣ, Пермиё ва ба маънои Яҳува мебахшад аст. Ин ном дар манобеи исломӣ ба сурати Ирмиё, Армиё, Урмиё ва Ярмия омадааст. Бархе ӯро ҳамон Хизри Паёмбар донистаанд, ки пас аз марги сад сола дубора зинда шуд. Дар ривояте овардаанд, ки Ирмиё ҳамон Паёмбар давраи Ҷолут буда, ки мардум аз ӯ хостанд то барояшон шоҳ таъйин кунад ва ӯ низ Толутро ба фармони Худо интихоб кард. Бархе гуфтаанд Зардушт шогирд ё хидматгузори яке аз шогирдони Ирмиё будааст.

Ирмиё ҳудуди соли 645 қ. дар Анонут ё Ғаноус воқеъ дар шимоли шарқии Иерусалим дар хонаводаи рӯҳонӣ зода шуд. Падари ӯ аз ходимони канисаи Анотут ва рӯҳонии баргузидаи замони Довуд будааст ва дар ҳудуди 590 қ. дар шаҳри (Дафта) ба нақле ба дасти яҳудон шаҳид шуд. Яке аз хадамоте, ки Ирмиё анҷом дода ободсозии Миср пас аз тахриб ба дасти Бухтуннаср аст.

Худованд Ирмиёро барои иршод ва ҳидояти шоҳ ва умуми бани Исроил ба суяшон фиристод. Вай ибтидо худро дар анҷомдодани ин масъулият нотавон мебинад ва аз Худованд ёрӣ мехоҳад. Худованд аз қудрати бениҳояти худ ва ҳимоят ва ҳамроҳияш бо ӯ дар анҷом додани масъулият ёд мекунад. Ҳамчунин гуфта шуда Ирмиё ба далели фасоди ахлоқии мардум ва ситамгарӣ ва бесиёсатии замом дорон ва заъфи сиёсӣ аз ҳар замон ва макон ва фурсате барои панд ва андарзи мардум истифода мекардааст. Ҳамчунин ба онон аз ҳуҷуми Бухтуннаср ва тахриби Иерусалим хабар медод то ҷое, ки ба ӯ тӯҳмати муздурии Бобил ва хиёнат ба меҳан зада шуд ва аз сӯи коҳинон ва паёмбарони дурӯғин озор ва азият дид ва то марзи кушта шудан пеш рафт.

captcha