25 август, шасту нӯҳумин солгарди вафоти шайх Муҳаммад Фарид Ас-Синдиюнӣ аз қориён бузурги мисрӣ буд, ки барои солҳо дар радио Фаластин, Урдун, Димишқ, Ироқ ва Кувайт ба тиловати Қуръони Карим пардохт.
Шайх Муҳаммад Фарид Ас-Синдиюнӣ, аз қориёни бузурги Миср ва ҷаҳони Ислом ва яке аз қориёни аршади насли аввали мактаби тиловати Миср дар соли 1912 дар рустои Синдиюнӣ воқеъ дар устони Қалубияи Миср мутаваллид шуд.
Ӯ тиловати Қуръонро дар мактабхонаи русто омӯхт ва ҳифз кард. Дар навҷавонӣ падари худро аз даст дод ва модараш ӯро ба Қоҳира фиристод ва дар онҷо ба унвони қории Қуръони Карим ба радио Миср пайваст. Пас аз муддате радио Миср ӯро ба унвони қории меҳмон ба радио Фаластин фиристод ва ҳудуди 10 сол дар онҷо ба тиловати Қуръони Карим пардохт. Ӯ ҳамчунин дар радио кишварҳои Ироқ, Урдун, Сурия ва куият ба тиловати Қуръон пардохт.
Тасаллути шайх Муҳаммад Фарид Ас-Синдиюнӣ, ба мақомоти мухталифи тиловати Қуръон илова бар аҳкоми таҷвид ва қироат ва ҳамчунин рӯҳияи шод ва пурнишот дар канори шӯхтабъӣ аз ӯ шахсияти мунҳасирбафарде сохтааст.
Бо ин ҳол вақте дар соли 1947 ва боло гирифтан замзамаи ҷанг дар Фаластин ба Миср бозгашт ва пас аз муроҷиа ба радио Қоҳира ва эъломи қасди худ барои тиловати Қуръон дар ин радио, аз ӯ хоста шуд, ки дар имтиҳони тиловати ин радио ширкат кунад; Аммо ин дархост бар ӯ гарон омад чаро, ки ӯ қории машҳуре натанҳо дар Миср балки дар ҷаҳони Ислом буд ва барои солҳо тиловати ӯ аз радиоҳои мухталифи ҷаҳон интишор ёфта буд. Ӯ ҳеҷгоҳ ҳузур дар имтиҳони радиоро напазируфт ва дигар ба онҷо бознагашт. Баъд аз муддате қаҳвахонаеро гушӯд ва дар онҷо ба тиловати Қуръони Карим мепардохт. Саранҷом дар 25 августи соли 1955 пас аз давраи кӯтоҳе аз ибтило ба беморӣ даргузашт.
Дар идома бахше аз тиловати шайх Муҳаммад Фарид Ас-Синдиюнӣ, аз оёти сураи муборакаи Қаламро мушоҳида мекунед.
Оёти 34 то 39 сураи муборакаи Қалам.