IQNA

Чопи 100 ҳазор тарҷумаи шветсияии Қуръон дар Кувайт

20:48 - July 11, 2023
рақами хабар: 204
Созмони кулли эҳтимом ба чоп ва нашри Қуръон ва суннати набавӣ ва улуми Қуръон ва суннати Кувайт аз чопи 100 ҳазор нусхаи Қуръон ба забони шветсияӣ дар ин кишвар хабар дод.

Кувайт (ИКНА) ба нақл аз Ар-Раъй, Фаҳд Ад-Диҳонӣ, раиси ҳайати кулли чоп ва нашри Қуръон ва суннати набавии Кувайт дар ин бора гуфт: ин созмон дар ростои амал ба вазифаи муҳаввалшуда аз сӯи шӯрои вазирони Кувайт ва изҳороти раиси ин шӯро ба чопи 100 ҳазор нусха Қуръон ва тарҷумаи он ба забони шветсияӣ бо ҳамкории вазорати хориҷаи Кувайт анҷом шуд.

Вай афзуд: қарор аст ин Қуръонҳо дар Шветсия тавзеъ шавад ва ҳадаф аз он таъкид бар фарҳанги тасомуҳ дар дини Ислом, нашри арзишҳо ва усули исломӣ, ҳамзистии мусбат миёни ҳамаи башар дар фазои оканда аз муҳаббат, тасомуҳ ва сулҳ ва аз байнбурдани нафратпраканӣ, ифротгароӣ ва таассуби динӣ аст.

Фаҳд Ад-Диҳонӣ ҳамчунин изҳор кард: ин иқдом дар Кувай ҷадид нест ва ин кишвар аз гузаштаҳои дӯр токунун ба Қуръон ва нашри улуми қуръонӣ таваҷҷуҳи вижаи доштааст.

Гуфтнӣ аст, як фарди ироқитабор ба номи "Селван Момика" дар таътилоти иди Қурбон дар Стокголм, пойтахти Шветсия дар муқобили масҷиди ҷомеъи Стокголм бо ҳифозати полис китоби муқаддаси Қуръони Каримро ба оташ зад. Ин иқдоми зишт бо маҳкумиятҳои густурдаи арабӣ исломӣ ва байналмилалӣ рӯбарӯ ва Ироқ хостори таҳвили Селван Момика барои муҳокима шуд.

https://iqna.ir/fa/news/4154213

captcha