
Атия Азизӣ, ҳофизи 9 солаи Қуръон, ҳифзиро аз замоне, ки се солу нима буд оғоз кард ва тавонист дар манзил ва бо ҳамроҳӣ модараш то шашсолагӣ ба дараҷаи ҳифзи кулли Қуръони Карим бирасад ва дар соли гузашта муфтахар ба дарёфти мадраки тахассусии дараҷаи ҳифз бо мадраки коршиносӣ шуд.
Атия Азизӣ, дар синфи сеюми мактаби ибтидоӣ таҳсил мекунад. Вай ҳофизи кулли Қуръони Карим аз устони Хуросони Ҷанубӣ аст.
Иштиёқи Атия барои шунидани оёт ва ҳифзи сураҳои кӯтоҳ тавоноӣ ӯро дар ин арса нишон медиҳад. Ӯ аз замоне, ки се солу нима буд ба ҳифзи Қуръон рӯй овард.
Азизӣ дар гуфтугӯ бо ИКНА дар бораи тариқаи ҳифзаш гуфт: ибтидо ҷузъи сиюми Қуръонро ҳифз кардам. Пас аз он, ҳангоме, ки хостам аз ҷузъи нахусти Қуръон шурӯъ кунам, рӯзе як сафҳаро ҳифз мекардам ва кам-кам теъдоди сафаҳотро бештар кардам ва дар авохири ҳифзам рӯзе се ва гоҳ чаҳор сафҳаро ҳифз мекардам.
Вай дар бораи таъсири истимоъи тиловат бар раванди ҳифзаш баён кард: авоил, ки ҳанӯз ба сурати ҷиддӣ ҳифзро дар назар надоштам, борҳо аз телевизор оёти Қуръонро мешунидам ва садои тиловати Қуръон аз телевизор ҳамвора дар фазои хона буд ва чун оёт зернавис мешуд, чашмонам бо калимоти Қуръон ва наҳваи навиштани онҳо ошно шуд. Пеш аз инки ба мадраса биравам бо хондан ва навиштан ошно будам ва медонистам. Ҳамин амр мӯҷиби осонӣ дар амри ҳифзам дар синини хурдсолӣ шуд, ба тавре, ки бо ҳамроҳӣ модарам оётро ҳифз мекардам.
Вай дар посух ба ин савол, ки чӣ мизон дар ҷазби дӯстонаш ба арсаи қуръонӣ, асаргузор будааст? Гуфт: дӯстони ҳамсинни ман бештар ба бозӣ фикр мекунанд. Бисёре аз дӯстонам мегӯяанд истеъдод надорем, дар ҳоле, ки то истеъдод шукуфо нашавад, наметавонем бифаҳмем истеъдод дорем ё на. Истеъдод яъне алоқаи даруние, ки дар хелеҳо ҳаст.
Ин ҳофизи хурдсол пас ҳузур дар озмуни эътои мадраки ҳофизони Қуръон дар соли 1401, ба дарёфти мадраки дараҷаи 3 (ба дараҷаи бакалаврӣ) бо тасаллут бар хондани кулли Қуръон аз ҳифз ҳамроҳ бо дарки маънои оёт муваффақ шудааст.