IQNA

Гузориши Созмони Милал аз вазъияти фоҷиабор дар урдугоҳи Ҷинин

16:30 - July 12, 2023
рақами хабар: 210
Ба гузориши (ИКНА) сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз вазъияти фоҷиабори урдугоҳи Ҷинин дар пайи ҳуҷуми режми палиди саҳюнистӣ ба ин урдугоҳ дар ҳафтаи гузашта хабар дод.

Алҷазира гузоришдод, Стивен Дюжаррик, сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, тасреҳ кард: арзёбии аввалияи анҷомшуда тавассути созмонҳои башардӯстона нишон медиҳад, ки дар урдугоҳи Ҷинин дар Каронаи Бохтарӣ, ки ҳафтаи гузашта шоҳиди ҳуҷуми режими палиди саҳюнистӣ буд, ҳанӯз тақрибан об қатъ аст. Аз сӯи як коршиноси ҳуқуқи башари Созмони Милал низ гуфтааст: режими саҳюнистӣ бо сарзаминҳои ишғолии Фаластин монанди як зиндони боз бархурд мекунад.

Ба гуфтаи Стивен Дюжаррик 64 воҳиди маскунӣ дар урдугоҳи Ҷинин ба далели амалиёти низомии режими саҳюнистӣ дар шаҳр ва урдугоҳи он дар ҳафтаи гузашта осеб дидааст. Вай бо таъкид бар инки хисороти ворида дар ин урдугоҳ ҷуброннопазир аст, хотирнишон кард: ҳадди ақал 40 хонавода ҳамчунон дар хориҷ аз ин урдугоҳ овора ҳастанд. 

Изҳороти Дюжаррик танҳо чанд рӯз пас аз он баён шуд, ки як ҳайати дипломатики муташаккил аз беш аз 30 сафир ва намояндагони Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои ғарбӣ дар поёни ҳафтаи гузашта аз урдугоҳи паноҳндагони Ҷинин боздид карданд.

Бургдорф, намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Фаластин дар ин сафар хостори афзоиши фишор бар режими палиди саҳюнистӣ барои таваққуфи хушунат шуд ва амалиёти ахири режими саҳюнистро таҳоҷуми такондиҳанда ва ҳавлнок тавсиф кард. 

Бургдорф бо баёни инки ҳайати мазкур нигаронии худро дар мавриди амалиёти режими саҳюнистӣ дар урдугоҳи Ҷинин иброз кард, афзуд: ин амр нишондиҳандаи тааҳҳуди тазалзулнопазири мо ба ормони Фаластин чӣ аз лиҳози сиёсӣ ва чӣ аз лиҳози молӣ ва ҳамчунин фишор бар режими ҷинояткори саҳюнистӣ аст. 

Вай дар мусоҳибаи худ бо Алҷазира афзуд, ки ҳамлаи низомӣ ба урдугоҳи Ҷинин дарднок буд ва ончи рух дод нақзи қавонини байналмилалӣ аст.

https://iqna.ir/fa/news/4154322

captcha