IQNA

Далоили ҳаром шудани рибо

6:44 - October 02, 2024
рақами хабар: 2196
ИКНА - Далели ҳаром шудани рибо, талаф шудан ва нобудии амволи мардум аз байн рафтани некӯкорӣ ва кори хайр, рағбати мардум ба судхорӣ, тарки қарзулҳасана ва шуюъи фасод ва зулм аст.

"Ҳаққуннос" муҳиммтарин ва маъмултарин мавзӯъ дар дини Ислом аст то ҷое, ки тӯлонитарин ояти Қуръон (сураи Бақара оят 282) низ ба ҳамин мавзӯъ ихтисос дорад.

Авҷи ҷилвагоҳи таваҷҷуҳ ба Ҳаққуннос дар мактаби Ислом ва Аҳли байт (а)-ро метавон дар шаби Ошуро мушоҳида кард; Ҳангоме, ки Имом Ҳусайн (а) шарти пайкор бо зулм ва ҳамроҳӣ бо худро бидиҳкор набудан гузошт ва байъати худро аз афроде, ки ҳаққе бар гардан доранд, бардошт, чаро ки пардохти ҳаққи мардумро муқаддам бар ҳузур дар ҷиҳод бо тоғут медонистанд.

Ояти дигаре аз Қуръони Карим мефармояд: Афроди рибохор, дар рӯзи қиёмат мисли девонаҳо вориди сафи маҳшар мешаванд, назири одами масте, ки наметавонд худашро бигирад, ин тавр вориди сафи маҳшар мешаванд; «الذین یأکلون الربا لا یقُومُونَ إِلَّا کما یقُومُ الَّذِی یتخبطه الشَّیطانُ مِنَ الْمَسَ».

Паёмбари Акрам (с) мефармоянд: Дар Меъроҷ мардумеро дидам, ки ба иллати бузургии шикамашон ҳарчи талош мекарданд, наметавонистанд аз ҷои худ бархезанд, ба Ҷабраил гуфтам, онҳо чӣ касоне ҳастанд? Гуфт: Онон рибохоронанд ва ба ояти «الذین یأکُلُونَ الربا لا یقومون...» ишора кард.

Агар инсон ғайрати динӣ дошта бошад, эҳтимоли уқубатҳои рибо низ бояд ӯро бикушад, зеро кушанда аст, вале бояд донист, ки табаоти рибо, эҳтимол нест, балки ҳақиқате аст, ки Қуръони Карим ба сурати қатъӣ ва яқинӣ баён мефармояд. Гуноҳи рибо хеле бузург аст ва инки Қуръони Карим мефармояд: Афроди рибохор девонавор ба сафи маҳшар меоянд, таҷассуми амалии худашон аст; Зеро ин ашхос дар дунё бо ҳарфҳои девонавор ва бо кулоҳи шаръӣ риборо тавҷеҳ мекунанд ва мегӯяанд чӣ фарқе байни муомила ва рибост? Қуръони Карим дар идомаи ояти шарифа ҳаминро баён мефармояд: ذلک بأنهُمْ قَالُوا إِنَّمَا الْبَیعُ مِثْلُ الرِّبا

Худованди Субҳон риборо нобуд мекунад ва садқатро афзоиш медиҳад. Ба баён дигар, рибо, баракатро аз байн мебарад ва қарзулҳасана ва садақа, ба зиндагии инсон баракат мебахшад. Ба таҷриба исбот шудааст, ки амволи ҳосил аз рибо агар дар ҳаёти рибохор нобуд нашавад ба вараса ва фарзандони вай вафо нахоҳад кард ва илова бар итлоф, сабаби эҷоди ихтилоф, тафриқа ва бурузи гуноҳ дар байни онон хоҳад шуд. Гоҳе мушоҳида мешавад. Афроде сарвати фаровоне доранд, аммо бо бадбахтӣ зиндагӣ мекунанд ва зиндагии онҳо аз ҳар мискине сахттар аст. Ин нишонаи бебарктӣ аст.

https://iqna.ir/fa/news/4239570

captcha