
Ба гузориши “ИКНА” ба нақл аз “CNN”, як маркази мустақилли ҷамоварии додаҳо дар Биритониё дар гузориши тозаи худ эълом кард, ки бо тасаллути дубораи гурӯҳи толибон дар Афғонистон ҳамалоти ДИИШ ба вижа алайҳи шиаён дар шимоли ин кишвар афзоиш ёфтааст.
Ин марказ дар гузориши худ бо ишора ба густариши нақзи ҳуқуқи башар дар Афғонистон ва бо унвони шоҳидони афғон эълом кард: нақзи ҳуқуқи башар ба вижа алайҳи гурӯҳҳои қавмӣ ва мазҳабӣ дар Афғонистон ба маротиб бештар аз чизе аст, ки дар гузориш зикр шудааст.
Дар ин гузориш омадааст: дар тӯли наздик ба ду соле, ки аз тасаллути толибон бар Афғонистон мегузарад, шохаи Хуросони ДИИШ, домана ва печидагии ҳамалоти худ дар саросари Афғонистонро шиддат бахшидааст. Ҳамалоти ахири ДИИШ умдатан толибон ва дигар аҳдофи намодин ва ақаллиятҳои мусулмони шиаи Афғонистон ба вижа ақаллияти қавми ҳазораро ҳадаф қарор додааст ва бомбагузориҳо дар манотиқи шаҳрӣ афзоиш ёфта ва садҳо захмӣ ва кушта бар ҷой гузоштааст.
Бар асоси ин гузориш, ҳамчунин аз авохири соли 2022 то авоили соли 2023, ДИИШи Хуросон ба сафоратхонаҳои Покистон ва Русия ҳамла кард ва меҳмонхонае, ки намояндагони тиҷории Чин дар он иқомат доштанд ва як гуруҳ аз неруҳои ҳавоӣ Афғонистонро ҳадаф гирифт.
Дар гузоришоти омада, беш аз 450 видео аз ҳамалот ба ғайринизомиён аз ҷумла ҳамалот алайҳи ҳазораҳо ва шиаён вуҷуд дорад.