IQNA

Аъмоли моҳи Рабиус-Сонӣ

20:35 - October 04, 2024
рақами хабар: 2211
ИКНА - Иқомаи ду ракъат намоз дар шаби аввали моҳи «Рабиус-Сонӣ» тавсия шудааст. Ҳамчунин рӯзадорӣ ва зиёрат хусусан зиёрати «Имом Ҳасани Аскарӣ (а)» дар ин моҳ фазилати фаровоне дорад.

Ба гузориши ИКНА, имрӯз охирин рӯз аз моҳи Рабеул-Аввал ва фардо оғози моҳи Рабиус-Сонӣ аст. Барои моҳи Рабиус-Сонӣ низ ҳамонанди соири моҳҳои қамарӣ аъмоли мустаҳабӣ тавсия шудааст. 

Аз муҳиммтарин аъмоли моҳи Рабиус-Сонӣ; Чунон чи дар тамоми моҳҳои қамарӣ дар китобҳои дуо зикр шудааст; Дуо ва намоз дар аввали моҳ аст. Дуои Сайид ибни Товус дуое аст, ки қироати он дар рӯзи аввали Рабиус-Сонӣ тавсия шуда, ки дар он омадааст:

«اللّهُمَّ أَنْتَ إِلهُ کلِّ شَی‌ءٍ، وَ خالِقُ کلِّ شَی‌ءٍ وَ مالِک کلِّ شَی‌ءٍ وَ رَبُّ کلِّ شَی‌ءٍ، أَسْأَلُک بِالْعُرْوَةِ الْوُثْقی، وَ الْغایةِ وَ الْمُنْتَهی، وَ بِما خالَفْتَ بِهِ بَینَ الْأَنْوارِ وَ الظُّلُماتِ، وَ الْجَنَّةِ وَ النّارِ، وَ الدُّنْیا وَ الاخِرَةِ، وَ بِأَعْظَمِ أَسْمائِک فِی اللَّوْحِ الْمَحْفُوظِ، وَ أَتَمِّ أَسْمائِک فِی التَّوْراةِ نَبْلًا وَ أَزْهَرِ أَسْمائِک فِی الزَّبُورِ عِزّاً، وَ أَجَلِّ أَسْمائِک فِی الانْجِیلِ قَدْراً، وَ أَرْفَعِ أَسْمائِک فِی الْقُرْآنِ ذِکراً، وَ أَعْظَمِ أَسْمائِک فِی الْکتُبِ الْمُنْزِلَةِ وَ أَفْضَلِها، وَ أَسَرِّ أَسْمائِک فِی نَفْسِک، الَّذِی لَیسَ کمِثْلِهِ شَی‌ءٌ. وَ أَسْأَلُک بِعِزَّتِک وَ قُدْرَتِک وَ بِالْعَرْشِ الْعَظِیمِ وَ ما حَمَلَ، وَ بِالْکرْسِی الْکرِیمِ وَ ما وَسِعَ، أَنْ تُصَلِّی عَلی مُحَمَّدٍ وَ آلِ مُحَمَّدٍ، وَ تُبِیحَ لِی مِنْ عِنْدِک فَرَجَک الْقَرِیبَ الْعَظِیمَ الْأَعْظَمَ، اللَّهُمَّ أَتْمِمْ عَلَی إحْسانَک الْقَدِیمَ الْأَقْدَمَ، وَ تابِعْ إِلَی مَعْرُوفَک الدّائِمَ الْأَدْوَمَ، وَ انْعِشْنِی بِعِزِّ جَلالِک الْکرِیمِ الْأَکرَمِ

Ҳамчунин иқомаи ду ракъат намоз дар шаби аввали моҳи «Рабиус-Сонӣ» тавсия шуда, ки дар ракъати аввали ин намоз баъд аз сураи Ҳамд 30 мартаба сураи «Қул-Ҳуваллоҳ» ва дар ракъати дувум баъд аз сураи Ҳамд 30 мартаба сураи «Инно Анзалноҳ» хонда мешавад; Ҳамчунин баъд аз хондани ин намоз додани садақа савоби бисёре дорад.

Бинобар матлаби баён шуда дар китоби шайх Аббоси Қуммӣ дар Мафотиҳулҷанон гирифтани рӯза ва зиёрат хусусан зиёрати «Имом Ҳасани Аскарӣ (а)» дар ин моҳ фазилати фаровоне дорад, зеро дар ин моҳ вилодати «Имоми ёздаҳум (а)» қарор дорад. Дар китоби Алломаи Маҷлисӣ «Зодулмаъод» низ ин рӯз, рӯзи шариф ва бисёр мубораке муаррифӣ шудааст ва дуо ва намозро аз ҷумла аъмоли арзанда ва бо фазилати рӯзи мелоди Имом Ҳасани Аскарӣ (а) зикр кардаанд.

Аз ҷумла иттифоқҳои муҳимми ин моҳ мелоди ҳазрати Абдулазими Ҳасанӣ (а) аст, ки дар чаҳорумин рӯз аз моҳи Рабиус-Сонӣ мутаваллид шудааст, вай аз асҳоби Имоми Ҷавод (а) ва Имоми Ҳоди (а) буда ва ривояоти зиёде аз аимма (а) нақл кардааст.

Даҳумин рӯз аз ин моҳ баробар бо солрузи вафоти ҳазрати Маъсума (с) аст. Фотимаи сонӣ, ҳамчун нигини дурахшон дар осмони Эрон медурахшад. Он ҳазрат ҷойгоҳи мумтози вижае дар миёни Аҳли байт (а) дорад ва аиммаи маъсумин (а) таваҷҷуҳ ва инояти хоссе ба ишон доранд. Ба гунае, ки Имоми Ҷавод (а) фармудааст: «Ҳаркас қабри аммаам ҳазрати Маъсума (с)-ро дар Қум зиёрат кунад, аҳли биҳишт хоҳад буд».

https://iqna.ir/fa/news/4240493

captcha