Ба гузориши ТоҷикПресс, дар солгарди иҷрои амалиёти тӯфони Ал-Ақсо тавассути ҷунбиши исломии Фаластин (Ҳамос), ҳаштаге бо номи “Тӯфони Ал-Ақсо сабаби бедории ҷаҳонӣ” дар фазои маҷозӣ пуртаркрор шудааст.
Тайи як соли гузашта режими Исроил бадтарин ҷиноятҳоро алайҳи мардуми Фаластин муртакиб шуда ва ба таври ваҳшатноке наслкуширо дар таърихи муосир ба роҳ мондааст.
Аз 7 октябр то ҳоло режими Исроил беш аз 41 ҳазор фаластиниро, ки бештари онҳо зану кӯдак буданд ба шаҳодат расондааст.
Ҳамчунин ин режими ҷинояткор қариб ҳамаи инфрасохторҳои ҳаётии Ғаззаро нобуд кардааст.
Бо вуҷуди ҳамаи ин ҷиноятҳо Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил натавонистааст ба ҳеҷ як аз аҳдофаш, ки нобудии Ҳамос ва озодсозии гаравгонҳо аст, бирасад.
https://tajikpress.com/2024/10/07/