IQNA

Ахлоқи фардӣ / офоти забон-14

Сухан чинӣ

18:32 - October 26, 2024
рақами хабар: 2315
ИКНА - Нигаҳбонӣ ва сиёнат аз гуфтори дигарон ба маънои боз нагуфтани он назди дигарон аст ва сухан чинӣ ба маънои бозгуфтани сухани дигарӣ назди касоне аст, ки матлаб дар бораи онҳо гуфта шудааст.

Яке аз умуре, ки донишмандони илми ахлоқ дар зайли мабҳаси ифшои сир аз он баҳс мекунанд ё «сухан чинӣ» аст. Сухан чинӣ аз пасттарин рафторҳои башар аст, ки душманӣ ва кинаро дар пай дорад ва пайвандҳои дӯстӣ ва бародариро нобуд мекунад.

Нигаҳбонӣ ва сиёнат аз гуфтори дигарон ба маънои боз нагуфтани он назди дигарон аст ва сухан чинӣ ба маънои бозгуфтани сухани дигарӣ назди касоне аст, ки матлаб дар бораи онҳо гуфта шудааст. Сухан чинӣ он гоҳ, ки назди касе анҷом шавад, ки аз ӯ бими зиён ва озор аст, «саъоят» номида мешавад; Монанди саъоят назди подшоҳон ва бузургон, ки аз онон тарси зиндон, табъид ва қатл вуҷуд дорад.

Сухан чинӣ дар оёти Қуръон ба шиддат накӯҳида ва дар муқоиса бо дигар рафтори нописанд аз зишт тарини онҳо шумурда шудааст. Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд: «وَيْلٌ لِكُلِّ هُمَزَةٍ لُمَزَة» (Ҳумза/1) "Вой бар ҳар айбҷуи сухан чин" ҳамчунин Паёмбари Акрам (с) дар сураи Қалам, чунин хитоб мешавад: «و لا تُطِعْ كُلَّ حَلافٍ مهينٍ* هَمَازٍ مَشَاءِ بِنَمِيم» (Қалам/11-12) "Аз савганд хӯрндагон ба дурӯғ, ки афроди фурӯмояанд, пайравӣ макун; Аз касоне, ки бисёр айбҷу ва сухан чин ҳастанд". Паёмбар (с) дар ривояте фармудаанд, ки «ألَا أُنَبِّئُكُمْ بِشرَارِكُمْ؟ قَالُوا: بَلَى يَا رَسُولَ اللَّهِ قَالَ: الْمَشَاءُونَ بِالنَّمِيمَة .....» Расули Худо (с) фармуданд: "Оё шуморо аз бадтринатон огоҳ кунам? Гуфтанд: блае Расули Худо! фармуд: Касоне аз шумо, ки сухан чинӣ мекунанд".

Инсон дар баробари сухан чин чанд вазифа дорад. Аввал ин ки ӯро набояд тасдиқ кунад; Зеро гуноакор ва фосиқ аст ва гувоҳии фосиқ пазируфта намешавад; Чунонки Худованди Мутаол дар Қуръон мефармояд: «إِنْ جَاءَكُمْ فَاسِقٌ بِنَبَأَ فَتَبَيَّنُوا» (Ҳуҷурот/6) "Агар фосиқе барои шумо хабаре овард дар бораи хабараш таҳқиқ кунед". Дувум ин ки ӯро аз ин кор бояд боздошт, зеро амали ӯ аз умури мункир буда ва Худованди Мутаол дар Қуръон мефармояд: «وَأْمُرْ بِالْمَعْرُوفِ وَانْهَ عَنِ الْمُنْكَرِ» (Луқмон/17) "Амр ба маъруф кун ва аз мункир боздор". Севум ин ки аз фарди сухан чин бояд ибрози танаффур кард зеро ӯ мабғузи Худо аст ва танаффур аз мабғузи Худо лозим аст. Чаҳорум ин ки ба шахсе, ки аз ӯ сухан чинӣ шуда набояд гумони бад бурд; Зеро Худои Таоло мефармояд: «اجْتَنِبُوا كَثِيراً مِنَ الظَّنِّ إِنَّ بَعْضَ الظَّنّ إِثْم» (Ҳуҷурот/12) "Аз бисёре гумонҳо бипарҳезед; Чаро, ки баъзе аз гумонҳо, гуноҳ аст". Панҷум ин ки гуфтори сухан чин ӯро ба таҳқиқ ва таҷассус дар бораи шахсе, ки аз ӯ сухан чинӣ шуда во надорад, ки Худои Иаоло мефармояд: «وَ لا تَجَسَّوا» (Ҳуҷурот/12).

 

captcha