Сиву панҷумин сураи Қуръони Карим “Фотир” ном дорад. Ин сура бо 45 оят дар ҷузът 22 ҷой гирифтааст. Сурат Фотир сураи макӣ аст, ки дар тартиби нузул, чиҳилу севумин сурае аст, ки бар Паёмбари Гиромии Ислом(с) нозил шудааст.
Ин сураро аз он ҷиҳат “Фотир” номгузорӣ кардаанд, ки ин вожа дар аввалин ояти ин сура омадааст. “Фотир” ба маънои холиқи осмон ва замин аст. Ҳамчунин Фотирро ба маънои хилқат ва офариниши бидуни ҳеҷгуна собиқа ва намунае донистаанд. Бархе низ фотирро офаридани ибтикорӣ ва ё эҷод ва ихтироъ тарҷума кардаанд.
Сураи Фотир мардумро аз фиреб завоҳири дунё, фитнаҳо ва васвасаҳои шайтон барҳазар медорад ва мардумро фақир ва Худоро бениёз мехонад. Ин сура барои инки инсон Худовандро бишносад ва сипосгузори Ӯ бошад, бархе аз неъматҳои илоҳиро баён мекунад, мисли неъмати борон, неъмати ҳамсаргузинӣ ва қарор гирифтани ду дарёи шӯр ва ширин дар канори якдигар барои истифодаи мардум аз онҳо.
Ин сура бо зикри масъалаи маод ва баъзе аз вижагиҳои қиёмат, ба пушаймонии кофирон ва оризӯи бозгашти онон ба дунё барои ҷуброни гузашта ишора дорад. Ҳамчунин дар оёте аз ин сура, аз мушрикон ва худоёни дурӯғин ва нотавониашон сухан ба миён омада ва тиловати Қуръон, иқомаи намоз ва инфоқи пинҳонӣ ва ошкор, тиҷорати безиён муаррифӣ кардааст.
Мӯҳтавои оёти сураи Фотирро дар панҷ бахш метавон хулоса кард:
Бахши Муҳимме аз оёти ин сура пиромуни нишонаҳои азамати Худованд дар олами ҳастӣ ва далоили тавҳид сухан мегӯяд.
Бахши дигаре аз он аз рубубияти Парвардигор ва тадбири Ӯ нисбат ба умуми ҷаҳон ва хусусан инсон ва офариниши инсон аз хок ва мароҳили такомули ӯ баҳс мекунад.
Бахши дигар пиромуни маод ва натоиҷи аъмол дар охират ва раҳмати густурдаи илоҳӣ дар ин ҷаҳон, ва суннати тахаллуфнопазири Ӯ дар бораи мустакбирон аст; Қисмате аз оёти он низ ишора ба масъалаи раҳбарии Анбиё ва муборизаи мустамаррашон бо душманони лаҷуҷ ва сарсахт ва дилдории Паёмбари Ислом(с) дар ин заминааст.
Саранҷом бахше аз он баёни мавоиз ва андарзҳои илоҳӣ дар заминаҳои мухталиф аст, ки мукаммали баҳсҳои гузашта мебошад.
Баъзе аз муфассирон тамоми ин сураро дар як ҳалқа хулоса кардаанд ва он масъала қоҳир будани Худованд дар тамоми заминаҳост.