IQNA

Қуръон чист?

14:02 - May 23, 2023
рақами хабар: 25
Вақте дар бораи чистии як китоб фикр мекунем, аввалин пурсише, ки ба зеҳнамон мерасад ин аст, ки нависандаи он кист ва ин китоб аз они чӣ касе аст?

Китобе, ки аз сӯи Худо фиристода шуд

Вақте дар бораи чистии як китоб фикр мекунем, аввалин пурсише, ки ба зеҳнамон мерасад ин аст, ки нависандаи он кист ва ин китоб аз они чӣ касе аст?

Қуъон китоби муқаддаси мусулмонон аст, ки дар муддати 23 сол бар ҳазрати Муҳаммад(с) нозил шуд. Қуръон ҳам аз лиҳози мӯҳтаво ва мазмун ва ҳам аз лиҳози так-таки алфоз, ба иродаи Худованд вобастааст ва ҳеҷ кас ҳатто худи Паёмбар(с) ҳам ҳаққи дахолат ё тағйири ин китобро надошта. Чунонки дар оёти 44 то 46 сураи Ҳоққа мехонем: «وَلَوْ تَقَوَّلَ عَلَيْنَا بَعْضَ الْأَقَاوِيلِ لَأَخَذْنَا مِنْهُ بِالْيَمِينِ ثُمَّ لَقَطَعْنَا مِنْهُ الْوَتِينَ»» “Ва агар [Паёмбар] порае аз гуфтаҳоро ба дурӯғ бар мо мебаст, мо ӯро ба шиддат мегирифтем, сипас раги қалбашро пора мекардем».

 Бархе оёти Қуръон дорои вижагиҳои хоссе аст, ки нишон медиҳад, ки гӯяндаи оёти он, худи Худованд аст ва дар ин масъала ҷои ҳеҷ шак ва шубҳае боқӣ намегузорад:

  1. Худованд фиристандаи ин китобро мушаххас мекунад: «إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا الذِّكْرَ; Мо ин Қуръонро нозил кардем» (Ҳиҷр:9).
  2. Дар бархе маворид ваҳй бидуни восита иттифоқ афтода яъне Худованд Қуръонро мустақиман ба қалби Паёмбар нозил карда - дар бархе маворид ҳам Худованд бо воситаи “Ҷабраили Амин” Қуръонро нозил карда. Барои итминон аз ҷиҳати инки ин восита чизе бар Қуръон наяфзуда ё чизе аз он накоста, дар сураи Бақара мефармояд: “Эй Паёмбар бигӯ: касе, ки душмани Ҷабраил бошад (дар ҳақиқат душмани Худост) чаро, ки ӯ ба фармони Худо, Қуръонро бар қалби ту нозил кардааст” (Бақара: 97), ки ин оят нишон аз таъйиди Ҷабраил аз сӯи Худованд аст.
  3. Мақсади нузули Қуръон, ки қалби шарифи Паёмбар(с) аст: Худованд барои инки бифаҳмонад Паёмбар(с) аз назди худ чизе намегӯяд ва ҳар ончи мегӯяд, каломи Худост, дар оёти 3 ва 4 сураи Наҷм фармуда: “وَمَا يَنْطِقُ عَنِ الْهَوَى إِنْ هُوَ إِلَّا وَحْيٌ يُوحَى؛; “Ва (Паёмбар) аз рӯи ҳаво ва ҳавас сухан намегӯяд. Гуфтори ӯ чизе ҷуз ваҳй, ки ба ӯ нозил мешавад, нест”.

 Аммо нузули Қуръон ба чӣ маъност? Таваҷҷӯҳ ба ин нукта кумак мекунад, ки чистии Қуръонро беҳтар бишносем.

Вақте аз вожаи “нузул” истифода мекунем, заруратан макон ё мақоми баланд ва болое бояд вуҷуд дошта бошад, ки чизе аз он хориҷ шавад ва ба самти мақом ё макони дигаре, ки аз он поинтар аст, ҳаракат кунад ва дар он мустақар шавад. Дуруст аст, ки Қуръон аз олами болотар аз ин дунё нозил шуда, аммо ин бадин маъно нест, ки масалан Худованд маконе дар осмонҳо дорад ва Қуръонро аз он маҳалли боло ба поин фиристодааст, балки ин таъбир ишора ба боло будани мақом ва рутбаи Парвардигор нисбат ба инсон дорад.

Нуктаи дигар дар мавриди “нузул” ин аст, ки оё нузули Қуръон монанди нузули соири неъматҳои Худо аз осмон аст? Яъне оё борон ҳам, ки аз осмон ба замин фиристода мешавад, монанди Қуръон аст? Посух манфӣ аст. Нузули Қуръон монанди нузули соири ашё нест ва тафовути зарифи он дар ду калимаи (овехтан) ва (андохтан) аст. Худованд боронро бар замин меандозад, яъне чизе, ки аз осмон фиристода шуда дар замин аст ва ин қатраи об дигар дар осмон нест. Вале дар мавриди Қуръон бояд бигӯем, ки Худованд Қуръонро “наяндохт”, балки Қуръонро “овехт”. Яъне дар айни инки Қуръон нозил шуда ва дар дасти мусулмонон аст, бо ин ҳол робитаи ин китоб бо Худованд, ки болотар ва бузургтар аз осмонҳо ва замин аст, қатъ нашудааст.

captcha